Самир як финҷон қаҳваи дар наздаш бударо нӯшида, ба чашмони оҳумонанди Шаҳло нигаристу табассуми малеҳе кард. Сипас оҳиста дастони нарми ӯро молида, ба вай наздиктар нишаст.
Ҳар ду хомӯш буданд. Ҳама ҷоро сукут фаро гирифт. Гӯё пашшае пар намезад. Самир камтари дигар ба Шаҳло ҷавс шуда, хост дастонашро ба гардани ӯ ҳамел кунад. Шаҳло якбора аз ҷояш парида хесту либосҳояшро дуруст карда, ба курсии дигар, каме дуртар аз Самир нишаст.
Самир аз якбора дигар шудани авзои Шаҳло ҳайрон шуда, пурсид:
- Шаҳло, ҷонам, ба ту чӣ шуд? Чаро аз пешам хестӣ? Охир, ту худат маро бо ҳамин мақсад фарёд кардӣ-ку!
- Самир, ман метарсам. Шумо наметарсед?,- аз бом тароша фаромадагӣ барин, якбора суол дод Шаҳло.
- Аз чӣ тарсам? Агар метарсидам, наздат намеомадам,- кӯтоҳак посух дод ҷавон.
- Аз бозгашти хиёнат!
- Аз бозгашти кадом хиёнат?
- Ҳамон хиёнате, ки шумо нисбат ба ҳамсаратон мекунед.
- Ин хиёнат нест, танҳо вақтхушист,- бо қатъият ҷавоб дод ҷавон.
- Самир, ману шумо кӯдак нестем. Ба ман гӯед, магар ком ситонидани як зану марди оиладор аз ҳамдигар ин хиёнат нест? Ин хиёнат набуда, чист? Оё боз ягон таърифи дигар дода мешавад?,- оҳи сарде кашиду сукут кард Шаҳло.
- Ман инро хиёнат намеҳисобам. Магар барои аз ин дунё лаззат бурдан ҳақ надорам? Шукр, ки ҳамсарамро, дар умум, оилаамро хуб таъмин кардаам. Шабу рӯз барои онҳо гуфта, дар ин муҳоҷират меҳнат мекунам. Ҳатто солҳо наздашон намеравам. Чӣ, каме вақтхушӣ кунам, айб аст?
- Эҳ Самир, Самир. Ҳар чӣ қадаре, ки метонед, вақтхушӣ кунед. Аммо бо зани бегона не! Бо ҳамсари худатон. Ҳеҷ касе ба ин зид нест!
- Шаҳло, илтимос, бас кун! Ман кӯдак нестам ва аз синну соли таълиму тарбия гирифтан ҳам кайҳост, ки гузаштаам. Ба ман насиҳатгар лозим нест ва ба ӯ ниёз ҳам надорам ва медонам, ки чӣ кор мекунам,- абрӯ чин кард Самир ва каме нармтар шуда, афзуд:
- Ҷонам, ман туро нафаҳмида истодаам, магар худат нагуфтӣ, ки биё аз ҳам ком ситонем? Ман ҳам “аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан" гуфта, ба дурии роҳу харҷу сарф нигоҳ накарда омадам. Акнун бошад, маро сарсону саргардон карда, аз фикрат мегардӣ?
Самир якбора дод заду аз ҷой хест. Шаҳло аз дарғазаб шудани ӯ каме ҳаросида бошад ҳам, вале худро ба даст гирифту суханашро идома дод:
- Рост гуфтӣ Самир, ман худам туро ҷеғ задам. Ман маҷбур будам. Медонӣ, мехостам барқасди хиёнатҳои шавҳарам ман ҳам ба ӯ хиёнат кунам. Мехостам ӯ ҳам азобҳои чашидаамро чашад. Ман хостам ӯ ҳам донад, ки хиёнат чист.
- Нафаҳмидам? Каме равшантар гап зан,- ҳайрон шуда гуфт Самир.
- Самир, шумо оиладор будани маро медонистед?
- Бале. Вале, ту гуфтӣ, ки аз шавҳарат ҷудо шудаӣ.
- Самир, ман аз раъям баргаштам. Ман мехоҳам бо шумо акаву хоҳар шуда монам.
- Шаҳло, маро асабонӣ накууун!,- мушт ба рӯйи миз зада, гуфт ҷавон.
- Самирҷон, илтимос, як бор суханони маро гӯш кунед. Агар ин саргузашти талхи маро шунавед, вазъияти маро хуб дарк мекунед. То ин дам ман дар ҳолати сахти равонӣ қарор доштам. Медонед, барои як зан дидани хиёнати шавхар чӣ қадар душвор аст ва таҳаммули он ғайриимкон...,- худро дошта натавониста, гиря кард Шаҳло.
- Азизам, шаф-шаф нагӯву шафтолуи гапро зан,- бо қатъият гуфт Самир.
(Давом дорад)
АРДАШЕР