Шаби 18-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор паҳн гардид, ки марди кордбадаст дар бозори шаҳри Панҷакент ҳангоми гузаштан духтарчаеро бо корд мезанад.
Ин ҳодиса, ба навиштаи шабакаҳо, 16-уми феврали соли 2025 рух додааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёде ба бор овард.
Субҳи имрӯз аз ШВКД дар шаҳри Панҷакент ба сомонаи Oila.tj хабар доданд, ки ин мард алакай боздошт шудааст ва тафтишот идома дорад. Ҳамзамон, гуфтанд, ки духтарчаи захмбардошта зинда аст.