arzon replenishment
Боздошти 300 муҳоҷир дар Маскав
529

Кормандони мақомоти қудратии Русия боз “шикор”-и муҳоҷиронро сар карданд. Дирӯз кормандони кумитаи тафтишотӣ ва пулиси ин кишвар дар бозори Савеловскийи Маскав дар пайи як амалиёти муштарак ҳудуди 300 нафар муҳоҷиронро боздошт намудаанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, дар рафти рейд асосан ҳуҷҷатҳои мардонро месанҷиданд, ки оё худро дар комиссариати ҳарбӣ сабти ном кардаанд ё не. Муҳоҷирони боздоштшударо ба мошинҳо савор карда, ба маркази муҳоҷират ва комиссариати ҳарбӣ бурдаанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки аксари фурӯшандагон кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар бозор дида, молашонро партофта, фирор намудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи гузаронидани рейд расман хабар надодааст, вале наворҳои видеоии ин амалиёт алакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД