Кормандони милитсияи пойтахт 15 нафар ноболиғонро барои бетартибӣ, занозанӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 17-уми ноябр як гурӯҳ наврасон дар шаҳраки 64-и ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳам муноқиша карда, ҷониби ҳамдигар сангпартоӣ намудаанд ва ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Навори муноқишаи наврасон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва кормандони милитсия ба ин навор вокуниш нишон дода, наврасонро пайдо намуда, чораҳои зарурӣ андешиданд.
“Нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд”,-менависад манбаъ.
Вақтҳои охир ҷангу ҷанҷол дар байни ноболиғон дар пойтахт рӯ ба афзоиш ниҳодааст. 10 рӯз қабл, санаи 7-уми октябр хонандагони синфҳои 10-и мактабҳои №42 ва №30 ноҳияи Фирдавсӣ муноқиша ва кордзанӣ карда, кормандони милитсия 8 нафар иштирокчиёни ин муноқишаро боздошт намуда буданд.