Arzon march 2024
Боздиди раиси вилояти Суғд аз нуқтаҳои захираи маводи доруворӣ
1903


Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят ва табибони ин муассиса сӯҳбати самимӣ намуда, бо вазъи захираи маводи зарурии тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр дошт, ки дар вилоят баҳри пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Алҳол ситоди вилоятӣ фаъол буда, тибқи қарори марбутаи Раиси вилоят аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

 



- Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон собит намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем. Хусусан, масъулияти кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин вақту замон бояд баланд эҳсос гардад, - зикр дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.
Ҳангоми боздид аз анбори захираи доруворӣ таъкид гардид, ки табибон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла либоси муҳофизатӣ ва корҷомаҳо таъмин буда, якчанд корхонаҳои саноатии вилоят ба дӯхтани лавозимоти тиббӣ машғуланд.
Раиси вилоят ба роҳбарони ширкатҳои фарматсевтии вилоят дастур дод, ки дар таъмини саривақтии мардум бо доруворӣ аз ҳарвақта дида бештар ҳиссагузорӣ намуда, ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат тадбирҳои неку хайр андешанд.
Тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилоят алҳол аз ҷониби кормандони Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаҳои дезинфексионию безараргардонии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар шоҳроҳҳои асосии дохили шаҳру ноҳияҳо, роҳравҳо, кӯчаю хиёбонҳо, истгоҳҳо, бино ва хонаҳои истиқоматӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ, нақлиёт, корхонаю ташкилот ва ғайра дар масоҳати умумии наздик 583 ҳазор м2 чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади дарёфт ва гузаронидани назорати хонагии шахсоне, ки аз давлатҳои хориҷӣ баргаштаанд, аз ҷониби кормандони тиббии марказҳои саломатӣ чорабинии гардиши хона ба хона пурзӯр карда шуд. Чунончӣ, 28 апрели соли равон 52680 хоҷагӣ гардиш шуда, 252355 нафар шаҳрванд аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд.
Бинобар ба итмом расидани 14 рӯзи карантинӣ то 29 апрели соли 2020 ҳамагӣ 3336 нафар аз беморхонаҳо рухсат шуда, айни замон 420 нафар дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бистарӣ мебошанд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳаи тандурустии вилоят дастур дод, ки бобати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, доир намудани чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус тадбирҳои амиқ андешанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД