Sebiston new 2024 october
БОЗ ЯК ОИЛАИ КАМБАҒАЛ СОҲИБИ КАЛИДИ ХОНА ШУД (ВИДЕО)
10.03.2021
Р. Азимӣ
1924
БОЗ ЯК ОИЛАИ КАМБАҒАЛ СОҲИБИ КАЛИДИ ХОНА ШУД (ВИДЕО)

Ин зани азияткашида талхиҳои зиндагиро фаровон дидаву заҳри қисматро бисёр чашидааст. Розия Боронова бо шавҳари маъюб ва фарзандонаш зиёда аз 20 сол азоби бехонагиву дар ба дарӣ кашида, гоҳ дар анбори мактабу гоҳи дигар дар боғчаи бачагона зиндагӣ мекард ва ба қавли худаш ҳамеша сарсону саградон буд.

Муддати ду соли охир ин оилаи бенаво аз ночорӣ дар қаровулхонаи як корхонаи коркарди оҳан умр ба сар мебуранд. Ҳамин дарду доғҳои зиндагӣ ин модари тоҷикро маҷбур намуданд, ки ба барномаи “Умеди охирин”-и сомонаи Оила муроҷиат кунад. Пас аз пахши барномаи аз зиндагии сангини ин хонавода нафарони зиёде ба Розия Боронова ва шавҳару фарзанднаш дасти мадад дароз намуданд. Аз ҷумла як шахси хайрхоҳ ҳавличаи зебоеро ба ин оила ҳадя намуд. Манзили нави Розия Боронова дар мавзеи зебое воқеъ гашта, аз се ҳуҷра ва ошхонаю ҳамом иборат аст.

Аҳли хонавода аз он ки баъди 20 соли пурдарди сарсонию саргардонӣ бо шарофати сомонаи Оила. ТЧ ва соҳибкори варзида соҳиби манзили наву зебо гаштанд, хеле хурсанд гашта, дар ҳаққи касоне, ки ба онҳо чунин некии бузург карда, билохира аз азоби дар ба дарӣ наҷоташон доданд, дуои хайр мекунанд...

Ёдрас мешавем, ки “Умеди охирин” лоиҳаи хайриявӣ буда, мақсади асосии он дасти мадад дароз намудан ба маъюбон, беморон, модарони танҳо ва дигар шахсони дар чорсӯйи зиндагӣ бе муттако монда аст. Дар ин паҳно мо омода ҳастем бо тамоми шахсоне, ки мехоҳанд дар чунин корҳои хайр саҳми худро гузоранд, ҳамкорӣ намоем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД