Sebiston new 2024 october
Боз як мутахассиси тоҷик беҳтарин дар ИДМ шуд
411

Парвиз Тағоев, корманди Хадамоти гумруки кишвар баррандаи озмуни байналмилалии “Мутахассиси беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023” гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар хабар додааст.

Ин мутахассиси тоҷик бо дипломи дараҷаи 1, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи “Беҳтарин корманди гумруки ИДМ” сарфароз гардид. Тағоев аз рӯи номинатсия корманди давлатӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сазовори ҷойи аввал гардид.

Қаблан, иттилоъ дода будем, ки лейтенанти калони милитсия, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи молиявии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Сайфиддинзода “Беҳтарин корманди ИДМ-2023” ва Додхудо Шарифзода, магистри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” эълон шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи “Ҳаракати умумихалқии Бобек” ҷиҳати муайян намудани беҳтарин корманд байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД