goodwell
Стоматит-бемории маккоре, ки аз вирусҳо пайдо мешавад
28.11.2026
Оила
100

Стоматит-бемории маккоре, ки
аз вирусҳо пайдо мешавад
Пайдо шудани доначаҳо дар ковокии даҳон, ки бо номи русии “стоматит” машҳур гаштааст, бемории азиятовар буда, шахси ба он гирифторшуда дар истеъмоли хӯрок, нӯшидани об ва ҳатто суҳбат бо дигарон душворӣ мекашад. Аммо аксарият стоматитро як бемории сабук ва гузаранда ҳисобида, ба табобати он чандон аҳамияти ҷиддӣ  намедиҳанд. 
Стоматит аз чи пайдо мешавад ва табобат накардани ин беморӣ чи оқибатҳоро ба бор оварда метавонад?
Стоматит чи гуна беморист?
 Стоматит- ин илтиҳоби пардаи луобии ковокии даҳон- забон, милк, қисми дарунии лунҷҳо, лабҳо ва ком мебошад, ки бо сурхшавӣ, варам ва пайдоиши ярачаҳои дарднок аз худ дарак медиҳад. Аслан беморӣ хатари ҷонӣ надорад ва дар давоми 1–2 ҳафта сиҳат мешавад, аммо дар баъзе ҳолатҳо метавонад оризаҳои ҷиддиро ба бор оварад.
Стоматити герпетикӣ
Тавре ки мутахассисон мегӯянд, стоматит бемории маккор буда, бо сабаби ба ҷисми инсон роҳ ёфтани вирусҳо пайдо мешавад. Беш аз 80 фисади даҳондард дар кӯдакон ин стоматити  шадиди герпетикӣ аст, ки онро вируси герпес ба вуҷуд меорад. Вируси герпес бо роҳи ҳавоӣ-қатравӣ мегузарад, кӯдакон бошанд, қанду дигар хӯрданиҳоро аз даҳони якдигар гирифта мехӯранду бозичаҳои умумӣ доранд, аз ҳамин сабаб бештар ба ин беморӣ гирифтор мегарданд.
Нишонаҳои беморӣ
Беморӣ хеле вазнин ва одатан бо ҳарорати баланд, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунрав ҷараён мегирад. Дар ковокии даҳон ярачаҳои обдор пайдо мешаванд. Ярачаҳо баъди 3-4 рӯз кам шуда, баъдан нест мешаванд, вале беморӣ метавонад то ду ҳафта тӯл кашад.
Даҳондарди афтозӣ
Ин намуди стоматит бештар дар фасли баҳор дар калонсолон хуруҷ намуда, табобаташ хеле тӯл мекашад. Стоматити афтозӣ бештар бо сабаби паст шудани масунияти бадан пайдо мешавад. Дар пардаи луобии даҳон доначаҳои тоқ ё ҷуфти рангаш сурх ё зарди дарозруя ва гирд зуҳур менамояд.
Даҳондарде, ки аз аллергия сар мезанад
Намуди дигари стоматит аз аллергия пайдо мешавад. Сабабҳои пайдоиши беморӣ аллергия аз дорувориҳо, масалан, антибиотикаҳо, аз маводҳое, ки протезҳои дандон сохта мешаванд, аз хӯроки муайян аз қаб или афлесун, қулфинай ва ғайра гашта метавонад. Маъмулан бемор аз сӯзиш ва ҳолати ногувори даҳон шикоят мекунад. Шахси ба ин намуди стоматит гирифторшуда ҳатто ҳангоми нафаскашӣ дардро эҳсос намуда, азият мекашад.   
Стоматити катаралӣ
Стоматити катаралӣ зуд-зуд пайдо шуда, намуди сабуки беморӣ ба ҳисоб меравад. Ин навъи даҳондард бештар бо сабаби риоя накардан ба қоидаҳои гигиена ва тозагии даҳон, бемориҳои дандон ва дандони пӯсида пайдо мешавад.
Маъмулан ҳангоми гирифтор шудан ба ин намуди стоматит пардаи луобии даҳон хушку дарднок шуда, араҷаҳо ба сӯзиш медароянд.
Дар сурати дар давоми 5-10 рӯз нагузаштани беморӣ табобатро ба мутахассиси бемориҳои рӯдаву меъда ҳавола менамоянд.  
Стоматити замбурӯғӣ
Аз ин намуди стоматит бештар кӯдакони аз яксола боло, занони ҳшомила ва насли нисбатан пиронсол, ки иммунитеташон заиф мебошад, азият мекашанд. Ду сабаби пайдоиши беморӣ вуҷуд дорад-сироятёбӣ аз шахси бемор вашамолхӯрӣ ё заифшавии қувваи муҳофизатии организм.
Тифлакони навзод ҳангоми таваллуд шудан аз модари гирифтори кандидози вулвовагинит гашта, сироят меёбанд.
Ҳангоми пайдоиши стоматити замбурӯғӣ болои забон ва дохили даҳон сафед мешавад.
Стоматити никотинӣ
 Аз номаш маълум аст, ки сабаби пайдоиши ин намуди стоматит сигоркашӣ мебошад. Аксаран даҳондарди никотинӣ бедард зуҳур намуда бо мурури вақт ба бемории онкологӣ-саратони даҳон мубаддал мегардад.  
Табобати стоматит
Табобати беморӣ бояд бо дарназардошти сабаби пайдоиши стоматит ба роҳ монда шавад, масалан ҳангоми даҳондарди бактериявӣ табиб дорувориҳои антибиотикиро тавсия медиҳаду барои даҳондарди вирусӣ дорувории зиддивирусӣ, ҳангоми даҳондарди гиповитаминозӣ истеъмоли витаминҳоро.
Тоза кардани пардаҳои луобии даҳон бо антисептикҳо ва дорувориҳои таскинбахш бо нишондоди табиб ҳолати беморро беҳтар намуда, ба зудтар халосӣ ёфтан аз стоматит кӯмак мерасонад.
Пешгирии беморӣ
Маъмулан барои пешгирии беморӣ ва дубора сироят наёфтан табабон дорувориҳои зиддибактериявӣ таъин мекунанд. Аз усулҳои табобати халқӣ низ истифода бурдан мумкин аст, аз ҷумла барои зудтар шифо ёфтани пардаҳои луобӣ равғани ангат, настаран ва мази прополис ёрӣ мерасонад.
Аммо аз ҳама муҳимаш риоя намудан ба тозагию қоидаҳои санитарӣ мебошад. хоҳед, ки стоматит шуморо азият надиҳад, дандонҳоятонро ҳар рӯз ду маротиба-субҳ ва шом ҳатман бишӯед. Меваю сабзавотро ношуста истеъмол накунед. Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, талош намоед, ки системаи муҳофизатии ҷисми шумо-иммунитет пурқувват бошад, он гоҳ натанҳо стоматит, балки дигар бемориҳо низ наметавонанд ба шумо ғалаба кунанд. Фаромӯш накунед, ки солимии ҳар як инсон пеш аз ҳама дар дасти худи ӯст. Боқӣ саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД