arzon replenishment
Ӯ муҳандис-иқтисодчии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аст
653

Лейтенанти калони милитсия, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи молиявии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Сайфиддинзода “Беҳтарин корманди ИДМ-2023” дониста шуда, бо Диплом, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи озмун сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи “Ҳаракати умумихалқии Бобек” ҷиҳати муайян намудани беҳтарин корманд байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додхудо Шарифзода низ дар озмуни “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” ғолиб омада, бо дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД