Магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додхудо Шарифзода дар озмуни “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” ғолиб омада, бо Дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора Академия дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст.
Бояд гуфт, ки ин озмун бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатсияи “Ҳаракати умумихалқии Бобек” ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид.
Ногуфта намонад, ки магистри мазкур зери роҳбарии ректори Академия, профессор Абдухалил Ғафурзода чанде қабл ғолиби озмуни “Беҳтарин мақолаи илмии ИДМ-2023” ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуда буд, ғолиб дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи аввал ва медал қадрдонӣ гардида буд.