Санам дар хонаводаи марде ба дунё омада, ба воя расида буд, ки як умр дар корҳои роҳбарӣ заҳмат кашида буд. Солҳои шӯравӣ зиёдтар аз ҳамин гуна оилаҳо духтарони фаъолу пешсаф мебаромаданд. Санам як бародару як апа дошт, апааш омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда, ба шавҳар баромад, бародараш донишгоҳи омӯзгориро тамом карду дар маорифи ноҳия ба кор шурӯъ кард. Аммо Санам…
Санамро падараш аловдаста мегуфт, ин духтари бачамонанд ба донишгоҳи аграрӣ дохил шуду онро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар хоҷагиашон агроном шуда ба кор оғоз намуд. Ӯ хеле зебо, қоматбаланд, мӯйдарозу хушлибос буд, аммо характери мардона дошт. Сар-сари замини пахта гашта, ба деҳқонон маслиҳатҳо медоду нимаи шаб пакару талол ба хона омада, сар ба болин мениҳод. Падараш ӯро бисёр дӯст медошт, аммо модараш аз тақдири ӯ дар ташвиш буд. Метарсид, ки духтари коркуштааш бешавҳар мемонад, аксарияти фаъолдухтарон ё пирдухтар мешуданд, ё шавҳар ҳам кунанд, дар зиндагии оилавӣ хушбахт набуданд. Падараш ташвишҳои духтарашро дида, ӯро ба курси кӯтоҳи ронандагӣ дохил намуду «Волга»-и он вақтҳо машҳурашро ба духтараш туҳфа кард. Аброр, писараш, аз ин кори падар каме ранҷид, аммо падар барои ҷанг наандохтан байни акаву хоҳар барои писараш низ мошин харид. Санам хостгор дошт, аммо ҳамаи онҳоро феъли мардонаву шартакигӯйиҳои зебосанам аз ӯ дур мекарданд, танҳо як нафар ӯро бо ҳама «айбу гуноҳаш» қабул дошт ва ошиқаш буд…
Ишқи нобаробар
Самад аз маркази ноҳия ба хоҷагии онҳо ба кор омада буд. Ин ҷавони зебо сарвари ҷавонони хоҷагӣ буду каму ғам не, 12 сол аз Санам хурд буд, аммо ин ҳама натавонист ишқи зебосанами саҳрогардро аз дили ӯ заррае кам кунад. Ӯ ҳамеша ба Санам мактубҳои ошиқона менавишт, дили Санам ҳам ба сиёҳабрӯ моил буд, аммо аз гапи мардуму қаҳри падараш метарсид. Суҳбати духтар бо Самад аз доираи одоб берун набуд, ишқи Самадро рад мекард, вале дар дилаш ба Худо илтиҷо мекард, ки ӯ наравад. Хостгорони аҳён-аҳён дар остонаашон пайдошударо рад мекард, зеро дилаш кайҳо моили Самад буд. Боре ҷавон ба ӯ гуфт:
- Ин бегоҳ падараму амакам ба хонаатон хостгорӣ мераванд, худат пайвандонатро розӣ кун.
Хостгоронро падараш бо хушнудӣ пешвоз гирифт, аммо модараш ҳеҷ намехост духтараш ба ҷавони аз худаш хурд ба шавҳар барояд. Вале Санам ба волидонаш гуфт:
- Агар ба хостгорони Самад розигӣ надиҳед, ман ба каси дигар намерасам. Колхоз барои кадрҳои ҷавон хона сохта истодааст, ман худамро номнавис кардаам, хона гирифта меравам.
Бечора модар медонист, ки Санам гапи гуфтаашро мекунад, дигар чизе нагуфт. Санаму Самадро фотиҳа карданд, ишқи нобаробари онҳо ғалаба карду тӯйи комсомолӣ ороста, онҳоро ба хонаи бахташон гусел намуданд.
Хусураш Санамро дӯст медошт, аммо хушдоман ба вай аз рӯзи аввал рӯйи хуш надод...
Кӯдакфеъл
Баъди се моҳи хонадорӣ Санаму Самад ба ҳавлии зебову хушсохташон, ки онро колхоз барояшон ҳадя намуда буд, кӯчиданд.
Самад тобеи занаш буду чӣ гапе ӯ гӯяд, ҳамонро иҷро мекард, субҳ ҳамроҳи занаш ба кор мерафту бегоҳ барвақт баргашта, аз пайи корҳои хона мешуд. Ҳамсояи ӯзбекашон Ҳанифаи дӯзанда, ки ҳамеша куртаҳои Санамро медӯхт, бо шӯхӣ мегуфт:
- Санамҷон, ин хотунқулӣ (ғуломи зан)-ро аз куҷо ёфтӣ-а?
(Давом дорад)