Утеря
Сарнавишти талхи зани дуюм (Қисми 2)
28.11.2026
Оила
156

Сарнавишти талхи зани дуюм

(Қисми 2)

Самад тобеи занаш буду чӣ гапе ӯ гӯяд, ҳамонро иҷро мекард, субҳ ҳамроҳи занаш ба кор мерафту бегоҳ барвақт баргашта, аз пайи корҳои хона мешуд. Ҳамсояи ӯзбекашон Ҳанифаи дӯзанда, ки ҳамеша куртаҳои Санамро медӯхт, бо шӯхӣ мегуфт:
- Санамҷон, ин хотунқулӣ (ғуломи зан)-ро аз куҷо ёфтӣ-а?
Оҳиста-оҳиста ҷанги шаҳрвандӣ сар шуду колхозҳо барҳам хӯрданд, Самаду Санам бекор монданд. Падари насиҳатгараш оламро тарк гуфту модари кампираш худаш пиру дастнигари келину набераҳо, акнун ба Санам такягоҳ намерасид. Самад ба як кӯдаке шабоҳат дошт, ки мехӯрду мехобид. Санам дид, ки намешавад, ба тиҷорат даст зад. Зиндагиашонро даҳ сол шуда бошад ҳам, кӯдакдор нашуданд, аммо Самад ҳеҷ намехост аз занаш ҷудо шавад. Хешу таборонаш ҳам аз ин бекорхӯҷа безор буданду Худо мегуфтанд, ки Санам аз хона пешаш накунад. Кори хонаву ҳавлӣ, нигоҳубини боғу роғу чорво бар дӯши Самад буду ҷонашро ба хатар монда, рафта аз пойтахт орд оварда фурӯхтану пул кор кардан бар дӯши Санам. Шояд зиндагиашон ҳамин гуна идома меёфт, вале...
 
Ишқ аз як нигоҳ
Чӣ қадар душвор буд барои як зани муштипар дар он солҳои баъди ҷангӣ, ки сари ҳар қадам камондорон мегаштанд, ба тиҷорат шуғл варзидан. Боре дар ҳамин гуна сафарҳояш Санам бо Субҳон шинос шуд, ин мард сарвари як корхонаи хусусӣ буд. Ҳарчанд Субҳон баръакси Самад калтақомати тоссари камҳусн буд, вале ба Санам хеле кумак кард. Зан бори аввал эҳсос кард, ки дар паҳлуят будани марди ҳақиқӣ чӣ қадар мушкилатро осон мекунад. Субҳон зану шаш писар дошт, вале аз ҷону дил ошиқи шайдои Санам гашт. Ҳар гоҳе зан ба шаҳр мерафт, онҳо вомехӯрданд ва Санам ҳам ба ин мард дил монд. Субҳон аз Санам хоҳиш кард, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, зани дуюми ӯ шавад ва Санами аз мард будан хаста розӣ шуд.
Самад пеши пойи Санам афтода, зор-зор мегирист, ки ӯро напартояд, вале зан хонаву дару замину молу ҳолашро ба Самад гузошта, танҳо чанд либосашро гирифта, ба пойтахт омаду зани дуюми Субҳон шуд. Субҳон ба ваъдааш вафо карда, барои ӯ дар як бинои нуҳошёна хонаи панҷҳуҷрадори хушҷиҳоз харид ва Санам хонашин шуд. Зани ҳамеша сари кор танҳо як моҳ дар хона нишаста тавонист ва Субҳон барои ӯ дар корхонаи як ҷӯрааш кор ёфт. Акнун Санам муҳосиб буду ҳар рӯз мисли занони шаҳрӣ оростаю пероста шуда, ба кор мерафт. Синнаш ба шаст дакка хӯрад ҳам, хеле ботаровату ҷавон менамуд. Субҳон аз Санам се сол калон буд, ба хотири пулу молаш гирдаш хонумҳои зиёде парвона буданд, аммо дили ӯ моилу шефтаи Санам буд. Баъди тарки хонаву дару шавҳараш кардан касе аз пайвандонаш бо Санам гап намезад, аммо ӯ дар паноҳи ишқи бузурги Субҳон худро ҳаргиз танҳо эҳсос намекард.
 
Марг бидуни ишқ
Санами тозаву озода ва хушсухану зебо дили мардро аз худ кард ва Субҳон қариб ҳар шаб бо ӯ буд. Санам бо Субҳон маслиҳат карда, мехост аз ятимхона тифлакеро ба тарбия гиранд, рӯзи рафтанашонро низ муайян карданд, вале…
Як шом Субҳон телевизор медиду Санам бошад, дар ошхона тушбераи дӯстдоштаи ӯро тайёр мекард. Ҳамин вақт дарро сахт кӯфтанд. Санам давида дарро кушод, ки пушти дар чанд ҷавони ҳузарб меистоданд. Онҳо бепурсиш вориди хона шуда, рост назди Субҳон рафтанд. Шаш ҷавонмарди ҳузарб мисли сарбозон саф кашиданд. Субҳон ҳайрон аз ҷояш хеста гуфт:
- Ҳа, тинҷӣ?!
Санам низ дар бари шавҳараш рост шуд. Ҳамин вақт яке аз бачаҳо гуфт:
- Ота, ҳамин ҳозир муайян намо: ё мо, ё ҳамин бева! Мо ҳар шашамон қавли мардона медиҳем, агар ҳозир талоқи ҳамин беваро дода, ҳамроҳи мо наравӣ, дигар ёди мо накун, модари мо аз ин чӣ камӣ дорад?
Субҳон хост чизе гӯяд, вале ҳамон ҷавон гуфт:
- Ота, ё мо, ё беваат!!!
Санам пеши пойи писарони шавҳараш афтода, зорӣ кард, ки ин хел шарт нагузоред, майлаш, бо шумо равад, лекин талоқи маро надиҳад. Аммо Субҳон писарҳояшро интихоб кард ва талоқи Санамро дода, ҳамроҳи онҳо рафт. Санам назди дари кушода афтод. Ҳамсояаш Гулчеҳра, ки ҳамшаҳрияш буду омадани шаш ҷавонро дида буд, зуд ба хона даромада, Санамро мурда дарёфт. Мурдаи Санамро бо мадади Гулчеҳраву шавҳараш ба зодгоҳаш бурданд. Бародараш ӯро ба хонаи падарӣ роҳ надод. Самад инро шунида, дав-давон назди мошин омада, мурдаи Санамро ба ҳавлияш бурд. Самад то ҳол зан нагирифта буд. Дар як дам рӯйи ҳавлӣ пур аз одам шуд, сари тобути Санам апааш мегиристу Самад…
Пас аз шаш моҳи марги Санам Самад низ вафот кард. Хонаву дари онҳоро имрӯз як ҷияни Самад соҳибӣ мекунад.
 
Рухсора Саид

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД