Мутахассисони соҳаи «энергияи сабз» дар Британияи Кабир кори аҷибе карданд. Онҳо ба трактор зарфи криогениеро насб намуданд, ки гази метанро дар ҳарорати – 162 С° дар ҳолати моеъ нигоҳ медорад. Худи метан бошад, аз поруи ҳайвонот (гов) ба даст оварда мешавад. Иқтидори чунин трактор баробари 270 қувваи асп буда, чун мошини дизелӣ фаъолият менамояд. Ба трактор дар саҳро низ, «сӯзишворӣ» рехтан мумкин аст. Истеҳсолгарон дар мубориза бо партовҳои карбонӣ ёрӣ расондани ихтирои худро таъкид намуда, дар истеҳсолот ба таври васеъ ҷорӣ шуданашро мунтазиранд.