Дар Русия барои муҳоҷирони соҳиби патент пардохти иловагӣ ҷорӣ мешавад
Аз 1-уми январи соли 2027 барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия дар асоси патенти корӣ фаъолият мекунанд, тартиби нави пардохти андоз ҷорӣ мегардад.
Тибқи тағйироти воридшуда, агар муҳоҷир фарзандони ноболиғ дошта бошад, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд, маблағи пардохти ҳармоҳаи патент барои ҳар як кӯдак 50 дарсад зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин, барои баъзе шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни патент дар назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, вобаста ба дигар аъзои оила низ пардохтҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд.
Ин тағйирот дар Қонуни федералии №242-ФЗ-и Русия пешбинӣ шудааст.