Formula novemver 2024
БОЗ ЯК ҚАЛЛОБ БА ДАСТ АФТОД!
2079

Қаллобӣ бо сӯистифода аз боварии мардум амалест, ки оқибати ногувор дорад. Махсусан, даромадан ба боварии ашхоси ниёзманд дар пасманзари худ ҷавобгарӣ дошта, як оилаи солимро аз ноновари хона ҷудо месозад.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзиев Алишер Ниёзович дар вазифаи назоратчӣ - барқчии зеристгоҳи «Навбаҳор» - и Шабакаҳои барқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда истода, дар давоми солҳои 2018 - 2020 аз шаҳрванд Рабиева Х. Т. ва писари ӯ - Рабиев Д. Н. бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ барои иваз намудани ҳисобкунаки барқӣ, пардохти маблағи барқи истифодашуда ва ба расмият даровардани шарти техникӣ (маҷмӯан дар чанд ҳолат) 3950 сомонӣ гирифта, онро ба манфиати худ сарф намудааст. Гумонбаршуда бо ин кирдори худ ба номбурдагон зарари ҷиддии модӣ расонид.

Баъди муроҷиати шаҳрвандон дар ин асос аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Нарзиев А. Н. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а, в, г” - и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД