Дар шаҳри афсонавии Дубай кӯчаеро бунёд мекунанд, ки дар он бо дархости муштариён борони сунъӣ меборад.
Меҳмонони кӯчаи яккилометраи аз ҷиҳати иқлим назоратшаванда метавонанд бо дархост борон ва барфи сунъиро тамошо кунанд. Ин кӯча дар ҳамкорӣ бо Институти маъруфи Фраунхофер таҳия шуда, ҳанӯз дар марҳилаи сохтмон қарор дорад. Кӯча бо айвони зебои сурху сафеди худ меҳмононро ба сайри Фаронса мебарад.
Он ҳарорати тобистонаи ҷануби Фаронсаро инъикос мекунад, ки дорои ҳарорати назоратшавандаи 27 дараҷа, шамол бо суръати 5 км/соат ва намӣ 60 дарсад аст.
Кӯчаи истироҳатӣ дар ҳавлии тарабхонаи «La Brasserie French Bistro» ҷойгир аст. Пас аз лаззат бурдан аз борон, меҳмонон метавонанд рангинкамон ва садҳо парандагонро бинанд.