Чанде пеш тавассути сомонаҳои интернетӣ оламиён аз инсонгарии Лю Сяойини 88-солаи чинӣ, ки ба тоза кардани партов машғул аст, огаҳӣ пайдо карданд.
Тӯли ин солҳо Лю 30 кӯдакеро, ки дар канори роҳ ё қуттиҳои партов меёфт, наҷот дода, ба воя расонидааст. Ӯ ин амалро на барои шуҳрат, балки бо амри дил ба ҷо меовард, ҳарчанд бо шавҳараш зиндагии миёнаҳолона доштанд.
Таъкид мегардад, ки онҳо баъзе кӯдаконро худашон ба воя расонидаанду барои дигаронашон бошад, оилаи солим пайдо кардаанд.