arzon replenishment
Болоравии нарх ба ҳаёти мардуми тоҷик чӣ таъсир мерасонад?
1451

Якбора ба осмони ҳафтум дакка хӯрдани нархи маҳсулот,махсусан маҳсулоти хӯрока ҳамагонро ба ташвиш овардааст.

Азбаски аксари мардуми тоҷик серфарзанд буда, чандон зиндагии серу пур надоранд, бисёриҳо дар андешаи он афтидаанд, ки минбаъд аҳли оилаи калони худро чи хел таъмин мекарда бошанд.
Ба хотири фаҳмидани назари мардум мо сари ин мавзӯъ назарпурсӣ гузаронида, андешаи чанд нафарро пурсон шудем.


Б. А, сокини шаҳри Душанбе:
Ҷанги Русияву Украина гунаҳкор!

Мо давлати мустақил бшем ҳам, иқтисодиётамон аз бисёр ҷиҳат ба Русия вобастагӣ дорад. Аз ҳаимн хотир ман фикр мекунам, ки дар боло рафтани раху нав ҷанги Русия бо Украина сабаб гаштааст. Саъдии ширинкалом гӯё маҳз дар ҳамин мавзуъ мегӯяд:
Бани одам азои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд
Чу уз ве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор
Барои ҳамин худо мегӯем, ки вазъият зудтар ором шавад ва зиндагӣ боз ба маҷрои пештарааш баргардад.

Маҳина Яқубова,устоди ДМТ:

Болоравии нарх пойдевори оиларо суст месозад
Аз касе пӯшида нест, ки солҳои охир вайроншавии оилаҳо дар кишвари мо рӯ ба афшоиш ниҳодааст. Ман фикр мекунам, ки яке аз сабабҳои асосии моҷароҳои хонаводагӣ ва ҷангу ҷанҷоли зану шавҳарон, ки то ба вайронии оила мерасонанд, ин маҳз рӯз то рӯз душвортар шудани зиндагӣ аст. Акнун боз нарху наво, ки болотар рафт ва албатта норозигӣ ва ҷангу ҷанҷол низ зиёдтар шуда, қиматӣ ба пойдеври оилаҳ рахна мезанад. Аксари тоҷикон серфарзанд буда, оилаи калон доранд, шиками бачаҳоятро, ки сер карда натавонистӣ, хоҳ-нохҳ байни зану шавҳар моҷаро сар мешавад, ки ба бачаҳо яӣ хӯронаму чӣ пӯшонем. Болоравии нарху наво бар зарари ҳар як оилаи тоҷик аст, бинобар ин, ҳукумат бояд нархҳоро зер назорат бигирад.

Беҳрӯз Шукруллоев, устоди донишгоҳ:
“Воҳима”-и мардум нархҳоро баландтар мекунад!

Гароншавии нархи бозор ба ҳар хонавода таъсир расонида метавонад, аз ҳаимн хотир ба таври сунъӣ боло бардуни нарху наво аз ҷониби баъзе соҳибкорон рафтори ноодилона аст. Аз ҷониби дигар "Воҳима"-и баъзе ҳамватанонамон дар мавриди аз бозор "гум" шудани баъзе маҳсулот раванди афзудани нарҳоро тезонида истодааст. Дар ин ҳолат бояд ояндабин буд, зеро ниҳоди масъуле ҳаст, ки дар кишвар нарху навои бозорро ба танзим медарорад!

Гулчеҳра Сайфиддинова, омӯзгор:
Доллар баланд шуд мегӯянду...


Ба фикри ман болоравии нарх аз хориҷи кишвар сарчашма мегирад, зеро вақте ки барои харид ба бозор медароӣ, кадом маҳсулотеро напурсӣ, мегӯянд, ки курси доллар боло рафтааст, барои ҳаимн қиматаш баландтар шуд. Шахсан ба ҳаёти ман болоравии нархҳо таъсири манфӣ мерасонад, чунки маоши мо барои пешбурди зиндагӣ ва дарёфти ризқу рӯзӣ дар як моҳ кофӣ нест...

Шаҳло Шукурова, донишҷӯ:

Зиндагӣ бар гардан афтодаст, дигар чора чист?
-Хайр, шояд ин тақозои давру замон бошад. Даврони Шӯравӣ ҳама чиз арзон буд ва маъоши камтарин низ барои пеш бурдани зиндагӣ мерасид, вале акнун замни дигар шудааст. Зиндагӣ сол то сол душвортар шуда истодаасту мардум азоб мекашанд, вале чора чист?! Ба қавли Бедил:
Зиндагӣ бар гардан афтодаст, бедил чора чист?
Шод бояд зистан, ношод бояд зистан!

М, С, донишҷӯ:
Орд 300 сомонию маош 700-1000, ёбеду гиред!
-Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия ба зиндагии тамоми аҳолии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, зеро баъзеҳо дар як моҳ ҳамагӣ 700-1000 сомонӣ маош мегиранд. Дар ҳоле, ки нархи як халта орд аз 300 сомонӣ боло рафтааст, он бечораҳо чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд?! Ман донишҷӯй ҳастам, вале баъзан дар як моҳ аз 1300 сомонӣ бештар пул сарф мекунам. Ин дар ҳолест, ки ман як худам, тани танҳо ҳастам. Акнун фикр кунед, агар одам оила ва се-чор фарзанд дошта бошад, барои хӯрондану пӯшонадни онҳо чи қадар маблағ лозим аст?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД