Сафаре ба хориҷ
Амин бо як гурӯҳи даҳнафара ба Туркиё сафар кард, ӯ дар яке аз идораҳои бузурги молиявии кишвар дар вазифаи калидие ифои вазифа мекард. Гурӯҳ аслан аз иқтисодчи ён иборат буданд, ки чор зани миёнасолу панҷ мард ва ҳамроҳашон як журналисти тарҷумон низ буд. Духтараки журналист он қадар зебо ҳам набошад, хушандому хушгапу дидадаро буд. Ӯ ҳанӯз дар Ватан ҳангоме, ки ҷамъ шуданду маслиҳати сафар оростанд, бо Амин зиёд меҳрубон буд. Амини қоматбаланди чашму абрӯсиёҳи зебо байни ҳама ҷудо шуда меистод, либосҳои шику ҷиддияташ ба вай ҷазоббияти дигар мебахшиданд. Ӯро на вазифаи баланд дигар карда буду на пулу сарвату мол, хеле хоксору заминӣ буду ҳамаро бо як чашм медид. Бо журналистдухтар Маҳлиё низ хеле хуб сӯҳбат мекарду дар дилаш ғуборе надошт. Аммо Маҳлиё мегуфту механдиду худашро ба вай наздик мегирифт. Рӯзи парвоз ҳам расиду онҳо ба хоки Туркиё нишастанд. Аз рӯйи барномаи тартибдодаи мизбонон бо корхонаҳои иқтисодии яке аз шаҳрҳои калонтарини ин кишвар шинос мешуданду бегоҳиҳо ба ҳотел бармегаштанд. Сӯҳбатҳо аслан бо забони англисӣ ё русӣ сурат мегирифтанд, ки Амин аз ин забонҳоро балад буд. Маҳлиё барои дигар ҳамгурӯҳон тарҷумонӣ мекард. Амин дид, ки Маҳлиё дар баъзе ҷойҳо аз ҳад мегузаронад, худро аз сӯҳбатҳои вай каме дур гирифт. Аммо духтар домани ӯро сар доданӣ набуд магар, ки хирагӣ мекард…
Шоми тақдирсӯз
Туркиё давлати исломисту он ҷо дар рӯйи мизҳо шароб намегузоранд, вале ду рӯз пеш аз анҷоми сафари корӣ як тоҷири тоҷик ба шарафи ҳамватанонаш зиёфат оросту он ҷо чанд қадаҳи май нӯшиданд. Амин каме сархӯш шуда буд ва онҳо шӯхикунон ба ҳотел баргаштанду ҳар яке ба хонаи худ ворид гаштанд. Амин ҳамин қадарашро ёд дорад, Маҳлиё ба хонаи ӯ омаду онҳо каме шарбати себ нӯшиданд. Субҳ аз гиряҳои духтар бедор шуда, талхакаф шуд. Маҳлиё бо гиряи зор-зор нақл кард, ки шаб онҳо як ҷо буданду Амин ба номуси ӯ дастдарозӣ кард. Амин гарангу ҳайрон гоҳ ба Маҳлиёи гирён менигаристу гоҳ ба тани нимбараҳнаи худаш. Намедонист чӣ гуна ӯро тасаллӣ диҳад, баъди чанд лаҳзаи карахтӣ ба худ омаду гуфт:
-Маҳлиёҷон кори шудагӣ шуд, ғам нахӯр, ман ноҷавонмард нестам. Туро зани дуюм карда мегирам, барои ин гуноҳи кардаам хонаат мехарам ва зиндагиятро тинҷ мекунам. Агар маро нахоҳӣ, хонаат мехарам, шавҳари дигар намо…
Маҳлиё мегиристу мегирист, дили раҳмини Амин дар гиряҳои духтараки бечора пора-пора мегашт ва ба худашу шаробу он тоҷири мизбон ҳазорон бор лаънат мехонд. Охир, ӯ аз авлоди эшонҳои номдор асту ҳеҷ гоҳ панҷ вақт намозашро тарк намекунад. Гоҳ-гоҳе барои рафъи хастагӣ шароби сурх менӯшад, кам-камак ва ана ҳамин кам-камак ба сараш балои азимро овард. Дина намехост нӯшидан, вале дид, ки ҳамроҳонаш ҳама ӯро нигоҳ доранд ба хотири онҳо ду қадаҳ майи сурх нӯшид. Ҳеҷ гоҳ ин қадар масте намешуд, ки чӣ кор карданаш дар ёдаш намонад.
Дарди дил
Ду рӯзи дигар Аминро андешаҳои ғашовар азоб медоданду Маҳлиё бошад, он қадар ғамгин ҳам наметофт. Ӯ ҳар шом як бор ба ҳуҷраи Амин даромада, бо вай сӯҳбат мекард, аз нигоҳаш маълум буд, ки ҳамин ҷо мондан мехоҳад. Аммо Амин вақти хоб шуд гӯён, ӯро ба ҳуҷраи худаш гусел мекард. Шоми охирини сафарашон дар Туркиё Маҳлиё то дер бо Амин сӯҳбат карду аз зиндагиии сахти оилавияшон қисса намуд…
-Ман дар оилаи зиёӣ ба воя расидаам, падару модарам ҳар ду омӯзгор буданд. Ману ду бародарамро аслан модарам ба воя расонидаанд, зеро падарам пули ёфтаашро ба майю ошҳои ҳарифона зада, ба хона ҳатто як лаби нон намеовард. Зиндагии хоксоронаи бидуни шаҳомат доштем, хонаи дуҳуҷрагиямон як умр бетаъмир буд. Моҳҳо рӯйи гӯштро намедидем, вале модарам сарашро ба сангҳо зада, моро хононд. Бародаронам баъди хатми донишгоҳ ҷойи кор наёфта, ба Русия коркунӣ рафтанд. Падарам ба бемории саратони ҷигар печида, ҳалок шуд, зеро арақнӯшияшро бас накард. Ҳоло як акаам хонадор шуда, бо мо зиндагӣ мекунаду бародари дигарам дар Русия аст. Ман, ки шоҳиди зиндагонии сахти волидонам будам, қарор додам, ки то ҷавони сарватманду ба пояш ростро наёбам, хонадор намешавам.
Маҳлиё қисаи зиндагии талхашонро мегуфту мегирист ва дили Амин ба ҳолаш сахт месӯхт. Рӯзи дигар тайёра соати панҷи бегоҳ мепарид ва ҳамроҳонаш барои харид кардан ба мағозаҳо рафтанд, Маҳлиё рафтан нахост, аммо Амин ӯро ба зӯрӣ ҳамроҳаш гирифт. Чизе, ки барои занаш харид, аз қабили матои қимматбаҳову гӯшвораву ангуштарии тилло барои ӯ низ гирифт. Ҳар чизе, ки барои модараш харид, барои модари ӯ низ харид. Амин ду писар дошт ва барои писаронаш харид кард, Маҳлиё низ барои ҷиянам гӯён, чанд либоси кӯдакона гирифт ва мард пулашро пардохт кард. Онҳо ба Ватан баргаштанд…
Кандани тори макр
Амин тули парвоз чашм аз чеҳраи Маҳлиё намеканд, чашмони маккору оромиву осудагии ӯ мардро ҳайрон мекарданд. Ӯ дар ҳайрат буд, ки духтари бокирагияшро аз даст дода, домани покашро доғдоркарда метавонад ин қадар орому осуда бошад?! Боз дар дилаш худашро тасалло медод, ки вай ба ман бовар мекунад, барои ҳамин…
Амин дар дил азм дошт, ки барои Маҳлиё хона харида, ӯро зани дуюм карда мегирад. Аммо дилаш сип-сиёҳ буд, охир занашро зиёд дӯст медошт, писараконашро ҳам, агар Хуршеда ин амали шавҳарро фаҳмад, дилкаф мешавад, андеша мекард Амин. Тайёра дар фурӯдгоҳи Душанбе нишасту ҳама нафаси осуда кашиданд, ба ҷуз Амин, ки мегуфтӣ дар китфонаш бори сангине ниҳодаанд. Аз дарвозаи фурӯдгоҳ баромаданду ронандаи Амин дасида омада, борҳояшро гирифта то мошин бурд, маслиҳат буд, ки Маҳлиёро низ то хонаашон мебаранд. Онҳо нав ба назди мошин расиданд, ки як зани қоматбаланди зебо, “Ай Маҳлиёҷон, чӣ ҳол дорӣ” гӯён, омада, ӯро ба оғӯш кашида бӯсид ва баъд пурсид:-Хонагиҳо тинҷ, писаракат хуб аст? Шавҳарат пайдо шуд ё ҳоло ҳам гум аст?
Амин аз ин муколама сахт дар ҳайрат шуда, нидо кард, “апаҷон, як лаҳза шуморо мумкин?” Зан саволомез ба ӯ нигариста, наздиктар рафт. “Маҳлиё писар дорад?!” Зан як ба Маҳлиёи чун ҳайкал моту маҳбут нигаристу як ба мард ва гуфт “ҳа… Алишерҷон…”
Амин ба ронандааш фармон дод, ки зуд таксӣ ҷеғ занад, борҳои Маҳлиёро ба таксӣ монданду ба дасти таксичӣ як миқдор маблағ дода, зуд мошинро ронда рафтанд. Баъди чанде мошин боз баргашта омаду ронанда ба дасти зани «хашхабар» як садолларӣ часпонду зуд ба мошин нишаст. Амин дигар он қадар ба эҳтиёт бо занон муносибат мекунад, ки ногуфтанӣ, дигар намедонад байни он зан ва Маҳлиё чӣ гузашт, вале худаш аз пушти Маҳлиё одам монда, фаҳмид, ки ӯ як не, ду шавҳар карда ҷудо шудаасту соҳиби писараки панҷсола мебошад. Беҳуда нагуфтаанд:
Дарахти макри зан сад реша дорад.
Фалак аз дасти зан андеша дорад!