Зоғҳо яке аз намудҳои донотарин парандаҳоянд. Барои бовар кардан ба ин гуфта, аз боғи Пюи дю Фу дар минтақаи Вандейи Фаронса дидан намудан кофист.
Дар он ҷо зоғҳоро омӯзонидаанд, то ки дар гирду атрофи боғ парвоз кунанд, партовҳоро аз алафзорҳо чида, ба қуттиҳои махсус партоянд. Ва барои кори анҷомдодаашон зоғҳо шириниҳо подош мегиранд.
“Ҳадаф на танҳо тоза кардани боғ аст. Мо мехоҳем ба одамон нишон диҳем, ки худи табиат метавонад ба мо чӣ гуна ғамхорӣ кардан нисбати муҳити зистро омӯзонад”,- мегӯяд нигоҳбони боғ Николас де Вилерс.