Имрӯз яке аз чеҳраҳои сарсупурдаи миллат, адиби шинохта, Нависандаи Халқии Тоҷикистон, устод Кароматулло Мирзоев ҷашни милод доранд.
Исми Кароматулло Мирзоев ҳанӯз аз солҳои 1970-1980-и қарни гузашта вирди забони дилбохтагони адабиёт буд. Асарҳои безаволи ин нависандаи моҳир “Ситораи умед”, Маъоши аввал”, Ситораи Дилшд”, “Шабе дар Кабудҷар”, “Дарди ишқ”, “Дар орзуи падар” ва повесту ҳикоятҳои дигари адибро хурду калон бо шавқу завқи бепоён ва муҳаббату дилташнагии зиёд мутолиа карда, аксаран баробари қаҳрамонони ин асарҳо гоҳ механдиданду гоҳи дигар ашк мерехтанд.
Замони кӯдакию наврасии мо Кароматулло Мирзоев махсусан дар деҳот шӯҳрати беандоза дошт ва асарҳои ин суханвари тавоно даст ба даст мегаштанд. Замони Шӯравӣ тамоми мардум ба меҳнат сафарбар карда шуда буданд, аммо ҳатто занҳои колхозчӣ, ки рӯзи дароз сар аз замин набардошта бо қомати хамгашта ба парваришу ғунучини пахта ва дигар зироатҳо машғул буданд, вақт ёфта, китобҳои Кароматулло Мирзоевро мехонданд, дар китобхонаҳо бошад, байни мактаббачаҳо ва донишҷӯён мудом барои асарҳи ин адиби шинохта талош буд.
Маҳбубияти Кароматулло Мирзоев дар байни халқ беҳуда набуд, зеро аз ҳар як асари ин нависандаи маъруф бӯйи зиндагӣ, бӯйи деҳа ба машом мерасид. Кароматулло Мирзоев ҳаёти одамони оддиро дар асарҳояш тасвир намуда, бештар фоҷиаҳои зиндагии сокинони деҳотро ба қалам медод. Содагиву самимияти навиштаҳои ин адиби шинохта, хонандагонро мисли оҳанрабо ба худ мекашид.
Ҳарчанд аз байн солиёни зиёде гузашта бошад ҳам, то ба имрӯз асарҳои Кароматулло Мирзоев моҳияти худро аз даст надодаанд. Кароматулло Мирзоев фарзанди даврони Ҷа нги Бузурги Ватанӣ буда, 21-уми январи соли 1941 дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рудакӣ чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Соли 1963 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм намуда, кароматулло мирзоев ҳаёташро аввал бо рӯзномаҳо ва баъдан бо адабият мепайвандад. Ин адиби шинохта муаллифи маҷмўаҳои повесту ҳикоя ва очеркҳои «Ситораи умед» (1980), «Маоши аввал» (1982), «Шанбе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Дар орзуи падар» (1987), «Суруди муҳаббат» (1988), «Ситораи Дилшод» (1986) мебошад.
Соли 2003 коргардон Саидҷон Қодирӣ аз рӯйи асари машҳури Кароматулло Мирзоев «Дар орзуи падар» филми бисёрсериягиро ба навор гирифт, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Афғонистон амошобинони зиёди худро пайдо намуд.
Аҳли қалами сомонаи Оила. ТЧ устоди тавонои сухан Кароматулло Мирзоевро бо 81-умин солгарди умрашон сидқан шодбош гуфта, ба ин марди бузург тани сиҳату зиндагии саршор аз илҳомро таманно доранд.
Ф. Сатторӣ
М. Усмонзода