Аъҷубасозӣ қадимтарин навъи ҳунари мардумӣ ба ҳисоб рафта, асрҳост, ки соҳибони ин ҳунари аҷиб ба калонсолон завқу фараҳ, ба кӯдакон бошад, дунёи рангини афсонавӣ ва шодиву нишоти бепоён мебахшанд.
Акрамҷон Додоҷонов аз зумраи нафаронест, ки бо дастони мӯъҷизаофари худ аъҷуба, армуғон, гулдону пулдон (капилка) ва муҷассамаҳои хурди ороишӣ, ҳамчунин сандуқчаҳои аҷиби мунаққашу назаррабое месозад, ки барои нигаҳдории ҷавоҳирот истифода мебаранд. Мавсуф 70-сол дошта, зиёда аз 20-сол аст ки бо ин ҳунари хеле нозук машғул аст.
Назар ба гуфти худи усто, ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ ба сохтани чунин бозичаҳо майлу рағбат дошта бошад ҳам, замони Шӯравӣ ошпаз шуда кор мекардааст, аммо меҳри ин пеша торафт дар дилаш бештар гашта, билохира аз пайи омӯзиши нозукиҳои ҳунари аҷубасозӣ мешавад.
“Дар хотирам ҳаст, ки замони кӯдакӣ мо аз лойи оддӣ ҳар гуна бозичаҳо месохтем. Заминаи асосии ҳунарманд шудани ман ҳамон завқест, ки аз кӯдакӣ дар дилам ҷӯш мезад,"-мегӯяд усто Акрам.
Акрамҷон Додоҷонов аз табақчаҳои оҳанӣ, ки замоне маъруф буданд ва мавриди истифодаи умум қарор доштанд, армуғон месозад. Тавре худи усто нақл кард:
"Ман аз табақчаҳои оҳанӣ, ки замоне хеле машҳур буданду имрӯзҳо қариб, ки касе аз онҳо истифода намебарад, армуғон месозам. Дар ин табақчаҳо расмҳои таърихиӣ Тоҷикистон, аз ҷумла Истаравшани бостонӣ, тоқиҳои миллӣ ва ба ҳамин монанд рамзҳои миллиро наққошӣ мекунам.
Дар натиҷа аз як табақчаи одии ба назар ба касе нодаркор армуғони олиҷанобе ҳосил мешавад, ки онро ба сайёҳони хориҷӣ ҳамчун як рамзи таъриху тамаддуни тоҷикон ҳадя кардан мумкин. Табақчаҳо муддати зиёд зиннатбахши утоқи корӣ, хона ё меҳмонхона мешаванд"-мегӯяд усто.
Дар радифи чунни табақчаҳо усто Акрамҷон Додоҷонов ҳайкалчаҳои хурде аҷибе месозад, ки зоҳиран ба мӯйсафедон ва кампирони ҷик монандӣ дошта, либосҳои миллӣ доранд. Бино ба гуфти худи уст бо ҳамин роҳ ӯ мехоҳад Тоҷикистонро ба хориҷиён муаррифӣ намояд.
“Мо ҳунармандон метавонем ба василаи ҳунарамон таваҷҷӯҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб намуда, ҳамзамон фарҳанг ва таърихӣ пурғановати миллатамонро ба сайёҳон нишон диҳем,"-мегӯяд Акрамҷон Додоҷонов.
Мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила.тҷ. ба ин ҳунарманди чирадаст умри дарз ва дар корҳои эҷодияш барор мехоҳем.
Абдуғаффор Шодиев