Arzon march 2024
Бо дигар мард зиндагӣ кардан намехоҳам
5313

Соли 1997 барои сайқал додани дониши худ ба шаҳри Душанбе омадаму ба Донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридам. Он замон аз ишқу ошиқӣ бехабар будам. Ҳушу гӯшам танҳо бо хондан банд буд.

Нимсолаи аввалро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст карда омодаи ба таътил баромадан будам. Ана дар ҳамин вақт печутобҳои зиндагии ман оғоз ёфтанд.

Рӯзе дар боғи донишгоҳ ҳамроҳи ҳамсабақонам суҳбат доштам, ки ҷавони қоматбаланди зебое омада дар хараки рӯ ба рӯямон нишаст. Ӯ ҳар замон ба сӯи ман бо меҳр менигарист. Гумон кардам, ки шояд ягон хешамон бошад. Ба ин хотир аз ҷоям хеста ба сӯяш назар андохтам.


МОДАРИ БАЧАКУШ КӮДАКРО ДАР ГАҲВОРА КУШТ


 Ҷавон маро ба наздаш даъват кард. Аммо аз чӣ бошад, ки баробари наздик омадани ман дасту по хӯрда, чӣ гуфтанашро надонист. Дар ин ҳолат истодани мо боиси гапу калоча нашавад гуфта, ташаббусро ба даст гирифта гуфтам:

- Ҷавони хуб, сабаби ин қадар ба ман бодиққат нигаристанатон чист? Шумо чизеро пурсиданӣ будед?

Ҷавон аз ин боҷуръатии ман илҳом гирифта, гуфт:

- Қариб ним сол аст, ки аз паси ту пойида мегардам.

- Барои чӣ?

- Барои чӣ писари ҷавон аз пушти духтари ҷавон мепояд? Барои он, ки дӯстат медораму оянда бо ту хонадор шуданиам.

Аз шарм худамро гум кардам. Чизе гуфта натавонистаму зуд ба назди ҳамсабақонам баргаштам. Онҳо рӯи суп-сурхи маро дида, "ба ту чӣ шуд?",-гуфта пурсиданд.

Аз шарм худамро гум кардам, чизе гуфта натавониста зуд ба назди ҳамсабақонам баргаштам. Ҳамсабақон рӯи суп – сурхи маро дида пурсиданд, ки ба ту чӣ шуд? Шарм кардаму давида ба синфхона даромадам.

Рӯзҳо паи ҳам сипарӣ мешуданду Сотим ҳамоно аз паси ман чун соя мегашт. "Меҳр дар чашм” – гуфтагӣ барин, оҳиста-оҳиста Сотимро дӯст доштам. Акнун зиндагии худро бе ӯ тасаввур карда наметавонистам. Сотим бошад ба ман ситораҳои осмону қасрҳои тиллоӣ ваъда мекард.


ХУДКУШӢ АЗ КУҶО САР МЕШАВАД?


 Ҳамин тавр, ба доми ишқи Сотим афтода, хонишам суст шудан мегирифт, зеро фикру хаёлам фақат ба ӯ банд буд. Чор сол чун хобу хаёл бо орзуҳои осмонӣ гузашт. Сотим Донишгоҳи миллиро хатм кард. Ман бошам ба курси панҷум гузаштам. Рӯзе Сотим ба наздам омада гуфт:

- Гулнораҷон, ман барои идомаи таҳсил бояд ба муддати як сол ба Америка сафар кунам. Баъди бозгашт тӯй карда, оила барпо мекунем. Аслан, ман аз ту дурӣ намехоҳам, вале ояндаамонро ҳам бояд фикр кард.

Чун дидам, ки ӯ самимӣ гап зада истодааст, аз чашмонам ашки шодӣ ҷорӣ шуд. Рӯзи дигар субҳи барвақт аввал ба фурӯдгоҳ рафта, бо Сотим хайрухуш намудаму баъд ба донишгоҳ омадам. Ҳамсабақонам ҳоламро дида, маро тасаллӣ медоданд, ки зиқ нашавам. Як сол дар як мижа задан мегузарад. Аз суханони тасаллибахши онҳо каме ором шуда, ба хона омадам.

Аз ишқи ману Сотим дар хона ғайри падарам ҳама аҳли хонавода огоҳ буданд. Рӯзе як ҷияни Сотим ба донишгоҳ омада. хабар дод, ки дӯстдоштаам ба ӯ занг зада, гӯё хоҳиш кардааст, ки аз ҳоли Гулнора хабардор шуда истад.

Аз шунидани ин хабар хеле хушҳол шудам.  Бовар кардам, ки ӯ маро дар ҳақиқат дӯст медоштааст. Он рӯз аз дарс бо табъи хуш ба хона баргаштам. Хона пури меҳмон буд. Дар аввал хурсанд будам, чунки садои хандаю шӯхии меҳмонон ба фалак мепечид. Аммо баъд фаҳмидам, ки онҳо хешвандони падарам буда, ба хостгории ман омадаанд.

Сабру қарорро аз даст дода, фиғон бардоштам. Аз дарду алам тамоми баданам месӯхт. Худро ба дару деворҳо мезадам, аммо падарам маро ҳатто шунидан ҳам намехост. Чун дидам, ки ягон роҳи бо хушӣ ҳал кардани ин масъала нест, худам ба назди ҷавони домодшаванда рафта, ба ӯ қиссаи ишқу аҳду паймонамонро ба Сотим нақл кардам. Аз ӯ хоҳиш намудам, ки дигар ба хонаамон хостгор нафиристад.

Хушбахтона, ҳамин тавр шуд. Падарам нафаҳмид, ки аз чӣ сабаб онҳо яку якбора аз раъяшон гаштанд. Аз ин рӯ, аз хешовандонаш сахт хафа шуд.


ЗАНИ САИДИ ЧУМО НАМЕШАВАМ!


 Оҳиста-оҳиста Сотим бедарак шуд. Аз ӯ дигар на хабаре мерасиду на ягон бор занг мезад. Як сол бо сахтиву зориҳо ва фироқу интизориҳо гузашту ниҳоят Сотим аз Америка баргашт.

Чун ҳарвақта бо ҳамсабақонам дар назди боғчаи донишгоҳ нишаста будам, ки Сотим бо як даста гули зебо  омад. Ӯро дида, давида ба наздаш рафтам. Боз ваъдабозиҳояшро сар кард, ки ҳоло барои оиладоршавӣ барвақт асту боз камтараки дигар сабр кардан даркор. Мани содда бошам ба ваъдаю гуфтаҳои ӯ бовар мекардам, чунки бо ҷону дил дӯсташ медоштам.

Боз се соли дигар бо чунин ваъдабозиҳо гузашту Сотим дар бонк ба кор даромад. Акнун мо якдигарро дер-дер медидем. Гумон мекардам, ки кори ӯ зиёд асту барои вохӯрӣ фурсат намеёбад. Аз ин рӯ, ҷанҷолу даъво накарда, ман ҳам дар як ширкати хориҷӣ ба кор даромадам. Дигар дар як моҳ ҳамдигарро ҳамагӣ як бор медидем. Эҳсос меркадам, ки муносибати ӯ ба ман сард шуда, рафтору гуфтораш тағйир ёфтааст. Вай дигар он он Сотими пештара набуд. Ман бошам дар дуроҳаи зиндагӣ ҳайрону парешон монда будам. Зеро Сотим на пешниҳоди хонадоршавӣ мекарду на доманамро раҳо менамуд. Ниҳоят гиреҳи муаммо кушода шуд.


ЭРКА БАЛОИ ҶОН


 Рӯзе барои харидани либосҳои тирамоҳӣ ба мағоза рафтам. Он ҷо як духтараки шиносамро, ки Нигина ном дошту дар донишгоҳи худамон мехонд, вохӯрдам. Бо ҳамдигар хеле гарм вохӯриву пурсупос намуда, харид кардему хостем аз мағоза бароем. Ногаҳон Нигина ба ҳаяҷон "Ана, шавҳарам ҳам омад", – гӯён ба роҳрав ишора кард. Ман ҳам сар боло карда ба сӯйи ишоракардаи ӯ нигаристам.

Гӯё дасту поям аз замин канда шуд. Он мард Сотим буд. Дар ҷоям шах шуда мондам. Базӯр шунидам, ки касе ба ман салом медиҳад. Бале, Сотими найрангбоз бешармона ба ман салом медод. Бо як азоб худро ба даст гирифа, ба ӯ нигаристаму гуфтам:

- Худаш чӣ гап? Шумо Нигинаро аз куҷо мешиносед?

Сотим беибо дугонаамро ҳамчун ҳамсари никоҳии худ муаррифӣ намуда, ҳамчунин бешармона гуфт, ки маро ҳам дӯст медораду аз ман дил канда наметавонад. Нигина бошад, ҳақораткунон Сотимро ба хонааш бурд. Ман сарсону сагардон бо азобе ба хона омдам. Дилам тоқат накарда зуд ба апааш, ки маро хуб мешинохт, занг зада, аз ин ҳол ӯро хабардор кардам. Ӯ ҳам аз ин воқеа хабардор набудааст. Ваъда дод, ки ҳамаашро ба хубӣ ҳал мекунад, вале ман дар назди аҳли хонаводаамон шарманда шудам. Оташи рашку алам дар дилам шӯъла мезанаду ҳеҷ не ки хомӯшӣ надорад.

Худро бо дасти худ сиёҳбахт кардам. Ин қадар хостгорҳоеро, ки хоҳиши бо ман издивоҷ намудан доштанд, аз хона рондам. Ҳамааш ба хотири он ки ба васли дӯстдоштаи худ расам. Наход, подоши интизориҳои тӯлонии ман расвоӣ бошад? Дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрону зор мондаам, зеро на ӯро бахшида метавонаму на бо дигар кас зиндагӣ карда.

Бо умеди маслиҳатҳои беғаразонаи шумо, Гулнораи нолон

 

P.S: Номаи мазкур аз архиви ҳафтаномаи "Оила" бознашр шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД