Салом! Ман ҷавони шаҳрӣ ҳастам ва дар як корхонаи бонуфуз кор мекунам. Ростӣ, давраи мактабхонӣ як ҳамсинфамро дӯст медоштам, вале падару модарам ӯро барвақт ба шавҳар доданд. Бо ҳамин дили ман аз ишқу муҳаббат сард гашта дигар ба касе дил надодам.
Волидонам “писарам, ту аллакай ба синни 24 даромадӣ, кайҳо вақти зангириат расидааст” гуфта, духтаракеро аз деҳа келин карданд. Муддати шаш моҳ аст, ки дар фотињаем. Падари арӯс дар Русия будааст, тирамоҳ, ҳамин ки баргашт, тӯйро гузарониданӣ ҳастем, вале росташро гӯям, ин арӯси деҳотӣ бо рашки зиёдаш аз ҳоло ҷони маро ба лабам овардааст.
Шабу рўз тариқи телефон бо ҳам гап мезанем, вале каме дертар телефонамро бардорам, арӯсшавандаам дарҳол ҷангу ҷанҷолро сар мекунад. "Чаро телефонат банд аст? То нисфи шаб дар куҷоҳо мегардед?", гуфта, ҷонамро ба лабам меорад.
Арӯсшавандаам ба ман боварӣ надорад ва ҳамеша мегӯяд, ки ҳамаи бачаҳои шаҳрӣ духтарбозанд ват"у ҳам дар шаҳр чанд арӯси дигар доштагистӣ" мегӯяд доим. Чанд маротиба гуфтам, ки арӯси дигар медоштам, туро хостгорӣ намекардам, вале ба гапам бовар намекунад.
Ростӣ, ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Охир бе боварӣ оилаи хушбахт бунёд карда намешавад. Метарсам, ки баъди тӯй ҳам ин арӯси деҳотӣ бо рашки зиёдаш ҷони маро ба лабам меорад. Ба модарам чанд бор нағмаҳои келини ёфтаашро гуфтам, лекин аҳамият надода, "шумо, ки аз ҳамдигар дуред, арӯс рашк мекунад-дия, насиб бошад, тӯй гузарад, дигар барои рашк кардан ягон баҳона намемонад ва ҳамааш нағз мешавад" мегӯянд.
Дили худам хиҷил аст ваметарсам, ки бо ин духтари бадрашк оиладор шуда, як умр сари беҷанҷоламро дар ҷанҷол мемонам.
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам? Фотиҳаро гардонам ё "ҳарчи бодо бод" гуфта, тӯйро гузаронам?
Манучеҳр, ш. Душанбе