Arzon march 2024
Бо ҳаёти духтарон бозӣ накунед!
30.06.2023
ОИЛА
1089

 

Ҳафтаи гузашта номаеро таҳти унвони “Ба доми фиреби марди зандор афтидам” мутолиа намуда, хеле асабӣ шудам.

Бадбахтона имрӯзҳо дар ҷомеаи мо шумораи чунин мардони фиребгару духтарбоз афзудаст, ки ҷавондухтаронро фиреб карда, аз бахту зиндагии ширин маҳрум месозанд. Фикр намекунанд, ки оҳи ин духтарон рӯзе ба сарашон бало меорад ва подоши амалҳои худро аз духтару хоҳари худ мебинанд.

Аксари духтароне, ки ба доми чунин мардони ҳавасбозу занҷаллоб меафтанд, аз ноилоҷиву ноумедӣ даст ба худкушӣ мезананд ё боварии волидону наздикони худро аз даст дода, дар зиндагии минбаъдина рӯзи хушро намебинанд ва як умр таънашунави дӯсту бегона мегарданд. Ба муаллифи номаи мазкур гуфтан мехоҳам: Хоҳари азиз, шукр кунед, ки зан доштани ошиқи айёшу фиребгаратонро фаҳмидеду метавонед сари вақт аз чунин марди хиёнаткор халос шавед.

Модоме, ки Манучеҳр зану фарзанд дошта бошад, худро тамоман аз ӯ канор гиред, вагарна тамоми умр ангушти пушаймонӣ газида, сарсону саргардон мегардед. Шумо ҳоло ҷавон ҳастед, беҳуда бо марди зандору кӯдакдор ишқварзӣ намуда, худро беобрӯву шарманда накунед. Шукр кунед, ки сари вақт аз як балои азим халос шудед. Дигар ҳеҷ гоҳ ӯро ба зиндагиатон роҳ надиҳед!
Нуронбӣ, ш.Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД