Маҳсулоти лозима:
200 грам – шир
2 дона – тухм
1 қошуқ – шакар
1 қошуқча – намак
8 қошуқ – орд
2 қошуқ – равған
5 грам – ванелин
Тарзи таҳия:
Дар зарфе тухм ва 1 қошуқ шакарро омехта мекунем, баъдан 1 қошуқча намак, 2,5 стакон шир, орд, ним қошуқча сода, 2 қошуқ равғани растанӣ, 5 грам ванелин андохта, боз лат мезанем.
Ба тоба камтарак равған мемолем, баъд аз хамири тайёркардаамон ба андозаи як челпак ба он рехта, ба ҳама тарафи тоба паҳн мекунем. Як тарафаш ки пӯхт, блинчикро ба тарафи дигар мегардонем. Ҳамаи блинчикҳоро ба ҳамин тарз пӯхта мегирем.
Блинчикҳо, ки пухтанд, метавонед онҳоро бо сметана ва панири дилмашуда (творог), шири қиёмшуда, шоколади обкардашуда, хулоса чи хел ки табъи дилатон аст, истеъмол кунед. Иштиҳои том!