Хислати инсонро аз рӯйи шакли зоҳириаш фаҳмидан мумкин аст, махсусан бинӣ дар бораи соҳибаш бисёр чизҳоро гуфта метавонад. Имрӯз мо ба шумо сирру асрори биниро мекушоем.
Бинии кӯтоҳ
Нафароне, ки бинии кӯтоҳ доранд, уҳдабаро, дилкаш, самимӣ, баъзан ҳардамхаёл мешаванд. Ин тоифа танҳо ба садои дилашон гӯш дода, ҳамеша бо эҳсосот амал мекунанд. Ситоишро дӯст медоранд, вақте таърифашон мекунед, дилгарм шуда корашон барор мегирад. Занҳое, ки бинии кӯтоҳ доранд, туҳфа гирифтанро дӯст медоранд.
Бини дароз
Инсони бинидароз иродаи қавӣ ва одати ҳукмфармоӣ дорад. Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати шаҳвонӣ дар муносибатҳои ошиқонаю маҳрамона бинидарозон хеле фаъол мешаванд. Шахсе, ки бинии дароз дорад, бисёр одами мағрур буда, табъи нозук дорад. Ин тоифаи одамон дар кор ниҳоят бомасъулият ва поквиҷдонанд. Бинӣ хеле калону баланд бошад, соҳиби он худсару якрав буда, афзалиятҳои худро ҳамеша дар мадди аввал мегузорад. Биникалонҳо дигаронро ба осонӣ ба худ тобеъ месозанд.
Шаклҳои бинӣ
Шакли бинӣ дар бораи хусусиятҳои асосии хислати инсон маълумоти мухтасар медиҳад. Шаклҳои бинӣ барҷаста, фурӯрафта, борик ва пачақ мешавад. Акнун ҳар як шакли биниро дар алоҳидагӣ шарҳ медиҳем.
Бинии барҷаста
Шахси пухтакору кордон аст. Барои нишон додани шодиву нишоти ботинӣ бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳад. Ҳангоми ба шахси дӯстдоштааш кӯмак расонидан худро хушбахттарин инсони рӯйи замин ҳис мекунад. Дӯстдоштаатон бинии барҷаста дошта бошад, барои беҳтар сохтани муносибатҳоятон пайваста худро хушҳол нишон доданатон лозим меояд. Нафароне, ки бинии барҷаста доранд, ҳангоми ба даст овардани пул одаму оламро фаромӯш карда, хеле бадҷаҳл мешаванд.
• Бинии чӯкида
Нафароне, ки бинии фурӯрафта доранд, хислаташон мухталифи хислати нафароне аст, ки бинии барҷаста доранд. Соҳибони бинии чӯкида бо камоли майл ба нафароне, ки ниёз ба дастгирӣ доранд, кӯмак мерасонанд. Марде, ки чунин бинӣ дорад, дар ишқу муҳаббат аз Маҷнун монданӣ надорад ва аз сари бонуи дӯстдоштааш зар мерезад.
Бинии борик
Бинии борикро нафаре дорад, ки заҳматписанд аст. Ин тоифа ҳам дар тиҷорат ва ҳам дар ҷодаи муҳаббат тамоми кӯшишу маҳорати худро ба харҷ медиҳанд.
• Бинии пачақу васеъ
Агар болои бинӣ васеъ ва ҳамвор бошад, соҳиби он мулоҳизакор буда, дар масъалаи ба даст овардани маблағ хеле хунсард аст. Бинипачақ ошиқи бовафо мешавад, ба шарте ки дӯстдоштааш ба зиндагиву пулҳояш кордор нашавад.