Бо сабаби бемории шадиди саратони бинӣ марди англис Пол Синглтон аз бинияш маҳрум шуда ба маслуқ мубаддал гашт.
Табибон бо методи нав биниро дар сари мариз парвариш намуданд. Ҷарроҳии мазкур дар таърихи тибби бритонӣ аввалин мегардад. Ин методикаро мутахассисони олмонӣ коркард намуданд ва марди бе бинӣ аввалин шахсе аст, ки мавриди санҷиши эшон қарор дорад.
Яке аз табибон асбоберо бо номи девайс ба пешонии мариз ҷой кардааст ва он мустақилона дар давоми 90 рӯз пӯстро кашиш медиҳад. Ҳамин ки миқдори пӯсти зиёдатӣ кифоя гардид, табибон ин гадҷети дамкардаро якҷоя бо пӯст бурида мегиранду ба протези фулузин насб карда ба ҷойи бинии Пол васл мекунанд.