Стив Винек - собиқ размкори амрикоӣ аз иёлати Миссури бо як ташаббуси ғайриоддӣ ва ҷолиб ба саҳифаҳои Китоби рекордҳои Гиннес роҳ ёфт. Ӯ бузургтарин мизи билярдро дар дунё сохт, ки дарозии он 9,1 метрро ташкил медиҳад.
Винек ин мизи гигантиро дар ҷои ҳавзи шиновариаш сохтааст ва барои сохтмон тақрибан 39 ҳазор доллар масраф кардааст.
Ба гуфти Винек, сохтмони мизи азим беш аз 250 соат вақт гирифт. Корхонаҳои маҳаллӣ ба ӯ кумак карданд: 38 шпала, 5 мошини пур аз шағал ва 4 метри мукааб бетон барои ҳамворсозии замина истифода шуданд.
Барои бозӣ аз тӯбҳои бо ранги махсуси билярдӣ ороёфтаи боулинг, ки ҳар кадом 2,7 кг вазн доранд, истифода мешавад.