gazprom august 2025
Беваи ҳафт дар (ҚИСМИ 4)
501

Дуои Хадича

Ҳамон шом занги дарам пайваста садо доду онро кушода, дар рӯ ба рӯям Хадичаро дидам.

Ӯ бо чеҳраи гирифта гуфт:

- Фозила, ту маро нашиносӣ дар бораи тақдири ман чизеро надонӣ, ҳамсину солам набошӣ чаро дар маъракаҳо пойи маро хоида мегардӣ?!

- И, кӣ пойи туро хоидааст, ман ростӣ гапро гуфтаам, хайр дурӯғ аст?! Ту зӯромад надошта бошӣ, чаро як кампири касалро бонӣ карда мегардӣ?!

Хадича худро базӯр дошта, гуфт:

- Шавҳари ман дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд. Бо писари ягонаам танҳо мондам, аммо ту баринҳо маро ба ҷону ҳолам намонда як бало дорад, ки шӯ намекунад гӯён аз пасам гап карда гаштанд, баъд модарам писарамро гирифта худамро аз тарси бадзабонҳо ба шавҳар дод….

- Хай, ана барои як мардаки бегона писаратро ҳам партофта будаӣ, -фарёд задам ман, гӯё аз ҳамин кор бароям фоидае бошад. - Беваи дарди сар ки будӣ очат пулу моли мардака гирифта шӯят дод!

Хадича рӯ ба қибла гашта бо гиря гуфт:

- Худованд беваи ҳафт дар шавию аз дилаки ман хабардор...

Ман ӯро аз назди дар ронда бо овози баланд фарёд задам:

- Бо дуои курмӯш ҳаво намеборад!

Пас аз як ҳафти ин гуфтугӯ палонҷи Хадича аз олам гузашт, пас аз гузаронидани чили ӯ Хадичаю шавҳараш аз бинои мо кӯч бастанд. Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки онҳо ба ҳавлияшон рафтаанд. Дари хонаи рӯ ба рӯямон ҳамеша баста буд, гоҳ-гоҳе як ҷавони қоматбаланди зебо омада онро хабар гирифта мерафт, ки ба Хадича хеле монанд буд...

Дуо тир будаасту одам нишона

Аз байн як сол гузашта буд, ки хусурам аз дунё гузашт, баъди фавти хусурам маълум шуд, ки ӯ қарзҳои калон доштааст. Тамоми дороиямон сарфи қарзҳои хусурам шуд, ҳеварам, ки акнун оиладор шуда буд, зану модарашро гирифта ба Руссия мардикорӣ рафт. Шавҳари ман ҳам хонаамонро ба гарав монда пул қарз гирифт, то тиҷорати нав оғоз кунад, вале кораш омад накард. Вақте бонк хонаамонро кашида гирифт шавҳарам аз асабонияти зиёд ба бемории рӯҳӣ печиду худашро овехт. Мани бева бо духтарчаам ба хонаи модарам баргаштаам, апаи пирдухтарам худашро хуҷаини мутлақи хона ҳисобида ману духтарамро намегузошт, ки сахттар қадам ниҳем. Падару модарам низ дастнигари апаам буданд, зеро дар хонаамон ӯ маоши калон гирифта рӯзгорро пеш мебурду додари донишҷӯямро нигоҳ мекард.

Бо даву този зиёд дар мактабе ба ҳайси фаррош ба кор даромадам, духтарамро ҳамроҳам дар сармою гармо ба кор мебурдам. Ҳамаи ин ба саломатияш таъсири бад расонид, ки гурдаҳояш бемор шуданд, шабу рӯз мегиристаму худамро мазаммат мекардам, ки хулқи бадам балои сарам шуду дуои Хадичаи беозор маро гирифт…

(Давом дорад)

ФОЗИЛА

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД