Рӯзи якшанбе буду Икром аз хоб хеста, аз боло сӯҳбати онҳоро гӯш дошт ва худашро дошта натавониста, омада аз мӯйи занаш кашола карда, ба хона дароварду хуб шаттакорияш кард, Низора бо овози баланд Дилпазирро бад мегуфт.
Бори аввал Дилпазир сухани модаркалонашро, ки кайҳо боз дар қабристони деҳа мехобид, ба ёд оварда, зор-зор гирист. Ин овоза ба гӯши хушдоманаш низ расид, Икром мехост занашро талоқ диҳад, аммо Дилпазир гуфт:
-Агар ҳамин корро кунӣ, ман баромада меравам. Зеро занат боз овозаҳои дигар паҳн мекунад.
Як ҳафта пас хонаи Икромро ҷудо карданд, Дилпазир нафаси осуда кашид, акнун ӯ бо аммаи ҷигарсӯхтааш якҷоя бо ғаму ғуссаи худашон танҳо монданд. Икром ҳар рӯз аз ҳоли онҳо хабардорӣ мекард, ҷиянҳояшро ба мактаб бурда меовард, ин ба Низора маъқул набошад ҳам, аз тарси шаттаю шалоқ ё талоқ чизе намегуфт.
Дилпазир дар айни шукуфоию малоҳат буд, дар беморхона сардухтури нав таъин шуд. Сардухтур хушдоманашро хуб мешинохт ва Низомро низ, аз ин рӯ, ба Дилпазир меҳрубон буд. Ӯро янга мегуфт, эҳтиром мекард, баъдтар маълум шуд, ки ин ҷавон дузана будааст. Касе ба зани дуюми вай, ки дар бозор мағозаи матоъфурӯшӣ дошт, хабар бурдааст, ки Зариф ба Дилпазир меҳрубон аст ва ӯ омада, як шармандагие бардошт, ки ногуфтанӣ…
-Ту беваи ҳарома аммаи ҷалабат дар хонааш бо шавҳари ман якҷо мекунад, то кори хубтараш диҳад. Чашмонатро кофта мегирам,- гӯён мӯйи Дилпазирро чанг зад.
Низом дар муҳорибаи каратэ камарбанди сиёҳ дошту ба занаш усулҳои зиёдеро нишон дода буд ва касе аз ин хабар надошт. Дилпазир бо як зарба зани шаттоҳро нақши девор карду мӯяшро аз чанги ӯ халос карда, кӯлоҳашро рост монд. Баъд ба рӯйи аз зарби малҳам молидан ба девори рангмолида монандаш туф карда рафт. Тамошобинон то дер ба худ наомаданд, сардухтур зани дуюмашро талоқ дод ва аз Дилпазир узр пурсид. Дилпазир гӯё гапе нашуда бошад, корашро идома медод, аммо зарбулмасали модаркалонаш аз гӯшҳояш он тараф намерафт. Ҳамин тавр солу моҳ мегузаштанду фарзандонаш калон шуда, ҳарду ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуданд. Духтараш дар курси чорум мехонд, ки дар таътили тобистона ба ноҳия омад. Ҳамон вақтҳо дар ноҳия раиси нав таъин карданд, писари раис бо як нигоҳ ба Беназири нозанин ошиқ мешавад. Чун Толиб дар донишгоҳ мехонду дар пойтахт хонаи алоҳида дошт, аз падараш хоҳиш кард, ки Беназирро барояш хостгорӣ кунад, аммо зани раис гуфтааст, ки ман духтари бепадарро келин намегирам ва бо бева қудо намешавам!
Ин суханро Низора оварда, ба Дилпазир расонд, зани ба неши заҳрогини зани ҳевар омӯхта гуфт:
-Духтарам то диплом нагирад, шавҳараш намедиҳам, ин як, дуввум инки ман ҳам ба ҳар ношинос қудо намешавам.
Беназир ишқи Толибро қабул накарда бошад ҳам, ҷавон падару модарашро ба хостгорӣ фиристод, Дилпазиру хушдоманаш онҳоро хуш қабул карданд, дастархони банозу неъмат оростанд, аммо хостгорияшонро қабул накарданд.
-Духтари ман то диплом нагирад, шавҳар намекунад, баъд писари шумо маъқулаш нест,- гуфт хунсардона Дилпазир ба чашмони зани раис нигариста, ки аз гуфтаҳояш пушаймон буданаш аниқ буд. Худованд кори ятимро худаш рост мекунад, духтараш ҳам шавҳари хуб ёфту писараш ҳам зани нағз. Дилпазир чанде пеш аз зиёрати хонаи Худо омад, бидуни мард ҳам тавонист як зани тавоно бошад, вале…
Рухсора Саид