Бачагии беҳтаринам
Ману Назар ва Салим дар як рӯз, як сол ва як деҳа ба дунё омада, бо ҳам аз кӯдакӣ ҷӯра будем. Дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардему як лаҳза аз ҳам ҷудо набудем, ба ҳам он қадар меҳр доштем, ки бародарон надоранд. Мо ҳар як ба аҳли оилаи ҳамдигарӣ азиз будем, хоса барои волидонамон. Аз бозию даводав хаста шуда, хӯроки нисфирӯзиро дар дар хонаи мо хӯрем, албатта хӯроки шомро дар хонаи Назар ё Салимино мехӯрдем. Дар фасли тобистон дар зери ҳавозаи баланди ангури амаки Сафар, падари Салим мехобидем ва аз афсонаҳои ширини бибияш момаи Соро, ки бештар дар бораи дӯстию рафоқат ва баъзан хиёнату палидии бархе қиса мекарданд, гӯш меандохтем. Кампир чун дар бораи дӯстон афсона мегуфт, таъкид мекард, ки онҳо аз хурдӣ мисли шумо ҷӯра буданд, мо худро ҳамсанги қаҳрамони афсонаҳои момаи Соро дида, қабат-қабат гӯшт мегирифтем. Аммо ҳар афсонаи ширинеро оғоз ва анҷомест, бачагии мо низ чун тахаюлоти бою рангини момаи афсонагӯямон гузашту рафт. Ҳар се якҷоя ба мактаб рафтем, онро бо баҳои хубу интизоми намунавӣ хатм намуда, номаи камол гирифтем. Он солҳо хизмати Ватан барои ҳар ҷавонмард фарзу суннат буд, аз ин рӯ, аввал хизматро ба ҷо оварда, баъд аз пайи касбомӯзӣ ва дигар ташвишҳои зиндагӣ шуданӣ будем…
Афсонаи зиндагӣ
Мо дигар он кӯдакони афсонашунав набудему ҳар кадом афсонаи худро доштем, бо дӯстдоштаҳоямон рози дил мегуфтему бовар доштем зиндагиямон чун олами афсонаҳо ширин хоҳад шуд. Вале қасмат бозиҳои худро дорад. Мо ҳар се бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ рафтем, чун бозгаштем, дӯстдоштаҳоямон аллакай ба шавҳар баромада буданд. Нияти донишомӯзиямон низ амалӣ нашуд, чунки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфту мо ҷавонони он давр дар тарси ҷони худ аз хона бадар намешудем, зеро садҳо ҷавонмардоне чун мо қурбони тири роҳзану қотилон гашта буданд. Дар ҳамин лаҳзаҳо Салим ба ёрии мо ду рафиқи ҷонияш расид, ӯ ба як ҳамхизматаш, ки дар Маскав фирмаи сохтмонӣ дошт, бо кадом роҳҳое занг зада, аз ӯ кумак пурсид ва мо бо азобҳои зор ба Русия сафар кардем. Дар ин сафар ба мо амаки Салим, ки бо сарҳадбонони рус кор мекард, ёрӣ дод. Мо ҳамроҳи онҳо бо чархболи ҳарбӣ парвоз кардем. Пас аз ду рӯзи ба худ омадан Сергей ном ҳамхизмати Салимро ёфтему ӯ моро ба ҷойи кору ҷойи хоб таъмин кард. Бояд бигӯям, ки мо аввалин мардикорон аз деҳаамон будем, ки баъд ба дигар ҳамдиёронамон дасти мадад дароз намудем. Ҳарчанд худамон зиндагии хуб доштем, вале ёди ёру диёр ва падару модару пайвандон азобамон медод. Дар як моҳ як бор тариқи почта ба пайвандон ҳамсӯҳбат мешудем, вале имкони ба онҳо фиристодани маблағ набуд.
Хоки Ватан
Оҳиста-оҳиста Ватан каме тинҷ шуду мо бо пасандози хуб ба Тоҷикистон баргашта, тӯй барпо кардем. Ёд дорам, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки даҳҳо нафар ҳамдеҳагони моро ба комаш кашида буд, аҳли деҳа аввалин бор дар тӯйи мо хурсандӣ карданд. Мо дар майдони калони пахтазор мизу курсӣ монда, ба аҳли деҳа ош додем, се арӯсу се домод сари тахти арӯсӣ менишастем. Ҳамон шаб пеш аз анҷоми тӯй Салим чун одати доимияш қолабро шикаста, микрофонро ба даст гирифта гуфт:
-Ман ғайри додари ягонаам боз ду бародари дигар доштам, имшаб дар қатори ду хоҳарам Худованд ба ман ду хоҳари дигар ато намуд. Бародарони маро хуб нигоҳбонӣ кунед, хоҳарони азиз.
Мо низ зани ӯро хоҳар хондем. Акнун мо оилавӣ бо ҳам дӯст будем, ҳамсаронамон воқеан бо ҳам мисли апаю хоҳар буданд ва мо низ ҳамсарони якдигариро хоҳарвор дӯст медоштем. Бояд бигӯям, ки ҳамсари Салим зеботарин духтари деҳа ба шумор мерафт, падару бародарашро кушта буданду ду бародари дигараш дар Қазоқистон умр ба сар мебурданд. Ҳарчанд ҷанг ба охир расида бошад ҳам, онҳо метарсиданд ба Ватан баргарданд, Салими баномус хушдоману ду хоҳари занашро мисли аҳли оилаи худашон нигоҳубин мекард. Солҳо гузаштанд, мо соҳиби фарзандҳо шудем, шукри Худо зиндагӣ дар Тоҷикистон хушу гуворо шуд. Акнун мо ҳар кадоме хонаву дари алоҳида ва зиндагии тинҷу осуда доштем. Дар як сол шаш моҳ мардикорӣ мекардуму боқӣ дар ватан назди зану фарзандонамон будем, аммо беҳуда намегӯянд, ки фалокат аз таги по мехезад…
Фалокат
Додари Салим Раҳим, ки бо кумаки бародараш дар яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Маскав мехонд, бо ҷурми фурӯши маводи мухаддир ба даст афтод ва аз ҳуҷраи хобгоҳи ӯ ду килло героин ёфтанд. Ҳама даводавҳои Салим барои озод намудани Раҳим беҳуда рафта бошанд ҳам, ӯ тавонист, даҳ соли ҳукми додарашро кам намояд. Раҳим 15 сол ҳукми зиндон гирифт. Модараш инро фаҳмида, ҳамеша бо Салим ҷангу ҷанҷол мекард, ки чаро писарамро ба Маскав бурда, ба бало андохтӣ, аслан бечора рафиқам аз ин кирдори бародараш хабаре надошт. Ӯ мехост орзуҳои нашикастаи худро дар симои бародараш бинад, аз ин рӯ, тамоми ёфту тофташро сарф карда, Раҳимро ба донишгоҳ дохил кард ва ҳар моҳ барои ӯ маблағи зиёде медод, аммо бародараш ба рафиқони нобоб дӯстӣ пайдо намуда, қомати Салимро шикаст. Модари Салим баъди як соли зиндонӣ шудани Раҳим бар асари сактаи дил оламро падруд гуфт ва рафиқам рӯ ба шароб овард. Насиҳатҳои ману Назар ба ӯ асаре намекарданд. Оқибат як марди баномуси пулёб ба як майзада табдил ёфт, ман ҳамеша дар бараш будам, вале Назар оҳиста-оҳиста аз ҳардуи мо канд. Падару модарам ин номардии Назарро эҳсос карданду боре дар танҳоӣ падарам ба ман гуфт:
-Бачам мегӯянд, ки “Кола ба зоташ наравад, ҳаромист”. Назарро бобову бобокалонаш одамони хуб набуданд. Онҳо барои нафси худашон ҳама чизро мефурӯшанд, ғамгин нашав, аз ин хел одамон дурӣ хубаст. Ту Салимро напарто, такягоҳаш шав, Худо хоҳад, ин рӯзҳо мегузаранд.
Марги бародар
Назар дар деҳа фермаи чорводориеро харидорӣ карда, дигар ба Русия намерафт. Ман бошам, ба хотири каме ҳам фаромӯш кардани ғаму ғуссааш Салимро ҳамроҳам ба Русия мебурдам, ӯ гоҳе кор мекарду гоҳи дигар не, аммо ман ӯро дӯст медоштам ва дилам барояш месӯхт ва ҳар гунае буд, қабулаш доштам. Ҳангоми дар деҳа буданамон занаш ӯро майзада гуфта, аз хона меронд, зеро бо дастгирии бародаронаш, ки акнун пайдо шуда буданд, дӯкони дузандагӣ кушода буду меҳнатҳои шавҳарашро, ки барои ӯ ва хоҳаронашу модари танҳояш замоне карда буд, ба гӯшаи фаромӯшӣ андохт…
Як шаби барфбоди зимистон, ман дар мавзеи сохтмон то дер ба кашонидани маводҳои сохтомонӣ машғул будам. Салим, ки дар хонаи иҷораамон бемор мехобид, ба кӯча барои харидани оби ҷав баромадаасту ӯро мошин задааст. Ман ҷасади сарду ба хуну хок олудаи ҷӯраамро бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Ватан овардам, чӣ рӯзи маҳшаре барпо гашта буд. Баъди марги Салим дилам аз дунё хунук шуда буд, бахусус ба зани ӯ Наргис, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ натавонист такягоҳи шавҳараш бошад. Ман ба хонаи падарии Салим рафта, то метавонистам ба онҳо кӯмак мекардам, аммо Назар бештар бо Наргис ва ду фарзанди ӯ меҳрубон буд. Пас аз додани сари соли Салим ба мардикорӣ рафтанро бас кардаму ҳамроҳи бародаронам хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, ризқамро аз замин меёфтагӣ шудам. Раҳим пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуда, дар бари падари пираш рост шуд, ман сари гӯри рафиқам лавҳаи ёдгорӣ гузоштам. Ба Наргис рӯи хуш намедодам, вале ҳар гоҳе духтару писари Салимро бинам, ба дасташон пул медодам. Аз забони онҳо мешунидам, ки амаки Назарашон ҳам ба хонаашон орду равғану ким чиҳои дигар мефиристодааст, дар дилам гуфтам, ки хайрият ақли рафиқамон даромадааст. Чун Наргис ҳамеша дар паҳлӯи Назар дар мошини қимматбаҳои ӯ ин тараф он тараф мерафт, байни мардум дар бораи онҳо ҳар гуна миш-мишҳо пайдо шуда буд. Боре дар ин бора ба Назар гуфтам ва ӯ бо асабоният гуфт:
-Фирӯз, ҷӯраҷон наход ту ба ҳамаи ин ғайбатҳои занона бовар кунӣ?! Ёд дорӣ, мо ҳамсарони якдигарро хоҳар хонда будем ва чун тарошаи аз бом афтода илова кард:- Туфлиҳоямро дидӣ, чарми холис, як нафар аз Ҳиндустон овардааст, як гов дода гирифтам…
Аз тағйирот дар чеҳраи ӯ ва суханҳои подарҳавояш фаҳмидам, ки ин палид дурӯғ мегӯяд, зери коса нимкосае ҳаст ва қарор додам, ки ӯро мепоям…
Даюс
Ду шаб болои чанори рӯи суфаи хонаи Салим интизор нишастам, касе наомад, шаби сеюм худро барои бадгумониям мазаммат карда, нав фаромада рафтанӣ будам, ки Наргис хилъати шабпӯшияш дар тан берун баромада, даричаашро кушода монда, худаш ба ошхона даромад ва сояи сиёҳе аз дарича даромада, зуд ба меҳмонхона гузашт. Дар равшании моҳ дидам, ки он соя Назар аст! Ҷисмамро ларзаи шадиде фаро гирифт, тарсидам, ки ҳамин ҳоло аз болои чанор меафтаму шарманда мешавам. Бо азобе худро ором карда, поин фаромадам, хостам ба меҳмонхона даромада, адаби ҳардуи ин фосиқро диҳам, вале инро ба худ ор дониста, туфлиҳои нави Назари хабисро аз паҳлӯи шиппакҳои хонапӯшии Наргис гирифта, рост ба назди ҳавлияш рафтам ва аз болои девор ба дарун ҳавояшон додам. Чанд рӯз асабонию парешон мегаштам. Дидам, ки дилам холӣ намешавад, субҳи барвақт сари хоки Салими ҷавонмарг рафта, онро ба оғуш кашида гиристам мисли занон. Пеши назарам ҳамаи он некиҳое омад, ки ӯ дар ҳаққи ману Назар карда буд, ӯ моро ба қатори одам даровард, ҷояш ояд, худаш намехӯрду ҳаққашро ба мо медод. Ҳамин вақт болои сарам рост истодани касеро эҳсос карда, дидам, ки хоҳари Салим Наҷминисо дасти писаркашро дошта, бо чашмони пуроб ба ман менигарад. Ман сари ӯро ба оғӯш гирифтаму ҳар ду бе садо гиристем, писаракаш бо химчаи дар дасташ буда пеши пояш хат кашида гуфт:
-Очаҷон рафтем, имрӯз иқа бисёр гиристӣ...
Ман бо дили сабук дасти писараки Наҷминисоро гирифта, ҳар ду аз кутал поин шудем, ману хоҳари рафиқам, ки маро бародар мегуфт, хомӯш будем, фақат Асламча савол медоду ҷавоб мегирифт. Мо ҳар ду ба хонаи Наҷминисо ворид шудем, шавҳараш медонист, ки занаш ҳар бор молбониро баҳона карда, сари гӯри акаи ҷавонмаргаш дилхоликунӣ меравад, моро пешвоз гирифт. Саидҷон сари дастурхон аз ман хоҳиш кард, ки ҳамсарашро насиҳат кунам, то ин корашро бас кунад. Аз гап гап баромаду Саидҷон гуфт:
-Дар бораи Назари ноҷавонмард ва янгааш ҳар хел гапҳоро шунида, дилаш зиёдтар хун мешавад…
Кафшҳои парвозӣ
Ман Наҷминисоро даъват карда, насиҳаташ кардам, ки дигар ғусса нахӯрад, янгааш зани ҷавон аст, агар мехоҳад, бигузор шавҳар кунад.
-Акаҷон, бигузор шавҳар кунад, охир акаи Назар ӯро байни аҳли деҳа хоҳар хонда буд, наход…
-Ин гуноҳу савоб ба худи онҳо дахл дорад, моро чӣ ғам,-гӯён, даст ба рӯй кашида, аз хонаи онҳо баромадам ва мошинамро савор шуда, ба фермаи Назар равон шудам. Аз асабонияти зиёд, қариб буд, ки зери мошини «Камаз»-е даромада равам. Ронанда сарашро аз кабина бароварда, фарёд зад, ки “э ака, мастӣ ё аз ҷонат сер шудаӣ, мон бебало гардем!” Ман худамро ором мекардам, ки чӣ гуна ба рӯйи манфури рафиқи бешарафам менигариста бошам? Бо фикрҳои парешон ба назди Назари фосиқ расидам, ӯ маро хушнудона пешвоз гирифта, ба ду дар хонае, ки дар як гӯша сохта будаанд, муроот кард. Ман ба туфлиҳояш, ки дар пояш буданд, нигоҳ карда гуфтам:
-Мегӯянд, ки агар мард бо хоҳараш ҳамхоба шавад, кафшҳояш аз шарми номардию худонотарсии ӯ парвоз мекунад, оё ҳамин рост бошад?!
Ӯ аз ин гапи ман хашмигин шуда, аз гиребонам дошт ва фарёд зад:
- Чӣ ту маро мепоӣ?! Кори ту чӣ, ки ман бо кӣ ҳамхоба мешавам?!
Ман дастони ӯро аз гиребонам гирифта, ду мушти обдор ба рӯяш фароварда гуфтам:
-Дигар кор надорам, бо духтарат ҳамхоба мешавӣ ё бо модарат, разил, даюс, касофат!!!
Аз ин воқеа чанд сол сипарӣ гашт, Назарро мардум то ҳол «любовник»-и Наргис медонад, ман низ ба ин одат кардам, вале сабаби ба «Оила» мактуб навишатанам он буд, ки мардон оини ҷавонмардиро фаромӯш накунад, ки аз ин на Худоро хуш меояду на бандаашро…
Фирӯз,
Таснифи Дилошӯб