Чанд рӯз боз ҳангомаҳо атрофи номи блогери шинохтаи тоҷик Абдурозиқ Эгамов дар сархати ахбори расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.
Тавре гуфта мешавад, блогер пас аз се моҳи рахна шудани суратҳисоб (корт)-и бонкӣ ва саҳифаи инстаграмаш, ки 8 миллион корбар дошт, дубора ба онҳо дастрасӣ пайдо кардааст. Аммо беш аз 1 миллион долларро аз корташ рабудаанд.
Чанде пеш Абдурозиқ Эгамов аз рахна шудани саҳифаҳояш дар “Instagram”, “YouTube” ва “TikTok” хабар дода, гуфта буд, ки ҳамчунин, аз ҳисобҳои бонкиаш ҳамаи пулҳояшро гирифтаанд.
Абдурозиқ Эгамов яке аз блогерони машҳури тоҷик аст, ки саҳифааш дар шабакаи “Instagram”, ки ҳоло ба он дастрасӣ пайдо кардааст, қариб 8 миллион ҳамванд дорад. Ба саҳифаи ӯ дар “YouTube”, ки ҳоло дастрасӣ надоштааст, 1,5 миллион нафар обуна шудаанд.