Дар 11 моҳи аввали соли 2025 беш аз 2,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ аз Ӯзбекистон боздид намудаанд.
Дар маҷмуъ, дар давраи январ-ноябри соли ҷорӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Ӯзбекистон аз 10 миллион нафар гузаштааст. Ин нишондиҳанда бори аввал дар таърихи ин кишвар ба қайд гирифта мешавад. Тибқи иттилои расонаҳо, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,4 дарсад бештар аст.
Аз рӯи шумораи сайёҳон Қирғизистон дар ҷойи аввал, Қазоқистон дар ҷойи дуюм ва Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор доранд.