Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Хуршедзода дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар риштаи санъати муҳорибаҳои омехта (MMA) дар вазни то 71 кг медали нуқра ба даст овард.
Хуршедзода то марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфта, барои медали тило бо намояндаи Қазоқистон Кадюрбек Шинбаев рақобат кард. Дар ин дидори ниҳоӣ варзишгари тоҷик бо ҳисоби 3:0 мағлуб шуда, ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Ҳамин тавр, Беҳрӯз Хуршедзода Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 бо медали нуқра намояндагӣ кард.