formula
БЕМОРИИ ИШЕМИЯВИИ ДИЛ ЧӢ ХАТАР ДОРАД?
3104

 

Бемории ишемиявии дил метавонад музмин (хронический) бошад ё якбора бо дарди шадид дар қафаси сина шурўъ шавад. Шахсе, ки ин аломатро дар худ эҳсос мекунад, бояд ҳарчи зудтар (20 дақиқа то ним соат) худро ба беморхонаи дорои ангиограф бирасонад. Тавассути дастгоҳи ангиограф рагҳои хунгарди бемор тасвирбардорӣ шуда, ҷойи танг ва ё басташудаи раг муайян карда мешавад. Тавассути ин дастгоҳ ба таври фаврӣ ба ҷойи басташудаи раг стент гузошта мешавад, ки рагро боз ва ҷараёни хунро ба дил барқарор месозад. Ҷойи тангшудаи раг осебпазир ва хатарзо бошад (дар ҷойи саршавии шараёнҳои коронарӣ) ва ё ҷойҳои тангшудаи шараёнҳои коронарӣ зиёд бошанд, гузоштани стент чандон муассир нест, дар чунин мавридҳо роҳи босамари дармон анҷоми амали ҷарроҳии кушодаи дил, яъне шунтикунонии аорта-коронарӣ мебошад.

Нуқсони модарзоди дил бо роҳи ҷарроҳии кушода табобат карда мешавад. Ин ҷарроҳӣ ҳар қадар зудтар анҷом дода шавад, барои бемор ҳамон қадар беҳтар аст, зеро нуқсоне, ки дар батни модар пайдо шудааст, метавонад пас аз таваллуд шидат ёфта, боиси марги кўдак гардад. Баъзе нуқсонҳои модарзодии дил, масалан сўрохии байни девори даҳлезҳо, ҷараёни кушодаи шараёниро бидуни ҷарроҳии кушода, бо роҳи эндоваскулярӣ низ бартараф кардан мумкин аст.

Дар байни бемориҳои дил бештар роҳи табобати номуназзамии зарабони дил (аритмия) ғайриодӣ мебошад. Барои дармони ин беморӣ аз дастгоҳи электростимулятор истифода мебаранд. Фаъолияти ин дастгоҳ шабеҳи генератор аст. Қалби бемор дар сурати паст будани зарабони дил ба воситаи электродҳо бо дастгоҳи кардиостимулятор пайваст карда мешавад ва ин дастгоҳ бо эҷод кардани импулс заррабонро муназзам карда, ҳаракати хунро муътадил месозад. Дастгоҳи электростимулятор метавонад барои муддати муваққатӣ (то 3- 4 рўз) ва ё ба таври доимӣ гузошта шавад. Дар ин сурат дастгоҳи хурд ба зери пўсти бемор гузошта мешавад. Роҳи дигари табобати аритмия низ вуҷуд дорад, ки он аблятсия ном дорад. Ин усули табобат низ бо воситаи дастгоҳи ангиограф анҷом дода мешавад. Дар ин усули табобат роҳҳои иловагии гузаронандаи импулс сўзонида ва фаъолияташон қатъ карда мешавад.

«Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» гуфтагӣ зарбулмасале ҳаст, ҳар инсон бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини иллати дил ба мутахассисон муроҷиат намояд, албатта умри дароз мебинад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД