Салом! Ман ҷавонзани 21-сола ҳастам ва фарзанди нахустинамро интизорам. Духтури занона маро ба ташхис фиристод ва маълум шуд, ки токсоплазмол доштаам. Табибе, ки зери назораташ қарор дорам, табобат фармуда, таъкид кард, ки давоҳои навиштаашро ҳатман гирам, вале шавҳарам айни замон бекор асту имконияти дорухарӣ надорам. Табобат нагирам, чӣ мешавад?
ГУЛПАРӢ, аз шаҳри Кӯлоб
Посух:
- Токсоплазмол бештар аз гурба, мурғҳои хонагӣ ва гову гӯсолаҳо ба одамон мегузарад. Истеъмоли гӯшти нимпаз низ боиси сироятёбӣ аз токсоплазмол гашта метавонад. Нишонаҳои асосии сироятёбӣ калон шудани лимфаузелҳо, дилбеҳузурӣ ва беҳолию бемадорӣ мебошад, вале дар бештари ҳолатҳо беморӣ бидуни ягон нишона ҷараён мегирад. Хатарнокиаш дар он аст, ки токсоплазмол ба осонӣ тавассути ҳамроҳак ба тифли дар батни модар буда гузашта метавонад. Дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ тифл дар батни модар аз токсоплазмол сироят ёбад, боиси бачапарооӣ мегардад. Дар семоҳаи дуюм ва сеюми ҳомиладорӣ метавонад боиси марги тифл дар батни модар ё бо нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд шудани кӯдак гардад.
Аз ҳамин хотир, мо ба шумо тавсия медиҳем, ки саломатии худ ва тифли батнатонро дар хатар нагузошта, табобати фармудаи табибатонро ҳатман бигиред.