arzon replenishment
Баррасии масоили ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок барои Тоҷикистон
05.09.2024
ОИЛА.ТҶ
653

Зимни як вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятнок барои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба масоили мазкур дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон дар соҳаи обу гидроэнергетика ва инфрасохтор “WAPCOS Limited” Агравал Р. Таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД