Дар Тоҷикистон намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ифтитоҳ мешавад. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон - «BVMW» баррасӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки бо ташаббус ва мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Олмон вохӯрии маҷозӣ байни роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон - «BVMW» доир гардида, дар он Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, узви Шӯрои иҷроияи федералии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон - «BVMW» Андреас Ян ва дигар шахсони расмӣ аз ҳарду ҷониб иштирок намудаанд.
Дар вохӯрии маҷозӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкорҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳокима карда шудаанд.