Sebiston new 2024 october
Барои пешгирии шамолхӯрӣ чӣ бояд кард?
878

  Дар фасли сармо худро аз шамолкашӣ эмин доштан номумкин аст, вале бо андешидани баъзе чораҳо метавон бемориро бешгирӣ намуд.

1. Ба ғизои худ диққат диҳед! Ғизои солими аз равған, сафеда ва витаминҳо бой системаи муҳофизатии организм-иммунитетро пурқувват гардонида, имконият фароҳам меорад, ки ҷисми шумо бо шамолкашӣ, зуком ва дигар бемориҳо мубориза барад.

2. Дастонатонро тез-тез бишӯед! Тез-тез шустани дастон хатари гирифторшавӣ ба шамолкашӣ ва зукомро 20% паст мекунад. Вирусҳо муддати дурудароз дар ашёҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, аз ҳамин сабаб аксаран мо на аз атса задан ё сулфидани бемор дар наздамон, балки аз даст расондан ба ашёҳое, ки дар рӯяшон вирусҳо нишастаанд, сироят ёфта, бемор мешавем. Солим мондан хоҳед, дастонатонро тез-тез бо собун шӯед.

3. Аз баромадан ба кӯча натарсед ва равзанаи тирезаро кушода монед Як сабаби тез-тез бемор шудан дар фасли зимистон дар он аст, ки мо хеле кам ба кӯча мебароем ва бештари вақти худро дар манзиламон бо одамони аллакай сироятёфта мегузаронем. Солим мондан хоҳед, ҳавои хонаро тоза крада истед ва ҳар рӯз либоси гарм пӯшида, барои сайругашт ба кӯча бароед. Намнокии ҳавои хона дар фасли зимистон бояд 40–60% бошад. Ин нишондод пасттар бошад, роҳҳои нафас ҳасос гашта, вирусҳо ба осонӣ ба ҷисми инсон роҳ меёбанд.

Киҳо бештар ба зуком гирфтор мешаванд?

Модарон ва падарон Дар оила фарзанд бошад, волидон соле 5-6 бор ба ба зуком гирифтор мешаванд, агар набошад, ҳамагӣ 1-2 маротиба. Чаро? Хатари сироятёбӣ аз зуком дар боғчаи бачагона ва мактаб зиёд аст, иммунитети кӯдакон бошад, хеле заиф буда, на ҳамеша бо вирусҳо муқовимат карда метавонад. Бо ҳамин сабаб волидон бештар аз фарзандони худ аз зуком сироят меёбанд. Ронандагон Бештар ронандагон ба зуком гирифтор мешаванд.

Сабаб чист?

Ба назар чунин мерасад, ки одамони мошини шасхӣ дошта набояд шамол хӯрда, касал шаванд, чунки онҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ рафту омад намекунанд ва касе ҳам дар мошинашон атсаю сулфа намезанад, вале таҷриба нишон медиҳад, ки баръакс ҳамин тоифа бештар ба зуком гирифтор мешаванд. Сабабаш дар он аст, ки ронандагон либоси тунук мепӯшанд. Албатта даруни мошин гарм аст ва ронанда тез-тез бо либоси тунук аз макони гарм ба кӯчаи сард баромада, дарҳол шамол мехӯрад ва бемор мешавад.

Ошиқони тамоку

Кашидани ҳамагӣ 1 дона тамоку кори мӯйчаҳои даруни биниро, ки монеъи ворид шудани вирусу бактерияҳои зараровар ба ҷисми инсон мегарданд, ба муддати 30–40 сония бозмедорад. Дар ин муддат кас метавонад сироят ёбад.

Одамони камхоб

Шахсоне, ки дар як шабонарӯз камтар аз 7 соат хоб мераванд, назар ба онҳое, ки 8 соат бароҳат мехобанд, 3 маротиба бештар ба зуком гирифтор мешавнад.

Шахсоне, ки ба стресс гирифторанд

Доим дар ҳолати фишори психологӣ қарор доштан системаи муҳофизатии ҷисми инсон-иммунитетро заиф мегардонад. Аз ҳамин сабаб, шахсоне, ки тез-тез ба стресс гирифтор мешаванд ё корашон бо ҳаяҷони доимии рӯҳӣ алоқамандӣ дорад, бештар бемор мешаванд. Давоми ним сол дар ҳолати стресс қарор доштан хатари шамолкашӣ ва зукомро ду маротиба зиёдтар мекунад. Шумо як соли дароз ҳаяҷони руҳӣ дошта бошед, хавфи сироятёбиатон аз зуком 4 маротиба бештар хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД