Arzon march 2024
Барои он ки кӯдак солим бошад ва нағз хонад, чӣ бояд кард?
737

Ана мактаб ҳам сар шуд! Ҳафтаҳои аввали саршавии соли таҳсил барои мактаббачаҳо, махсусан барои кӯдакони синфи 1 давраи хеле душвор аст. Ҳаёти кӯдак якбора комилан тағйир меёбад ва дар ҷисмаш бар асари ҳаяҷони зиёд туфони физиологӣ ба вуҷуд меояд. Туҳфони эҳсосот метавонад боиси суст шудани иммунитети кӯдак гашта, ба узвҳои дохилӣ, аз ҷумла ба системаи дил ва рагҳои хунгард, системаи эндокрини ва роҳҳои нафас таъсир расонад.

Барои он ки кӯдак бар асари стресс ва эҳсосоти зиёд ба ягон беморӣ гирифтор нашавад ва дар мактаб нағз хонад, волидон, махсусан модарон бояд ба саломатии фарзанди худ диққати ҷиддӣ диҳанд.

1. Пеш аз ҳама модар бояд ба либоси фарзандаш аҳамият диҳад. Давраи либоси тобистона аллакай гузашт, бинобар ин, ба кӯдак мувофиқи вазъи ҳаво либос пӯшондан лозим аст. Либос бояд на он қадар гарм ва ҳатман аз матоъҳои табиӣ (беҳтараш пахтагин) бошад.

2. Сарфи назар аз он ки кӯдак субҳона хӯрдан мехоҳад ё не, бо шиками гурусна фарзандатонро ба дарс гусел накунед. Кӯдаки синфи 1 бояд ақаллан як пиёла шир ё бутерброд ва як пора ширинӣ хӯрда равад.

3. Барои он ки саломатии кӯдак хуб бошад ва нағз таҳсил кунад, бештар ба ӯ витамин додан лозим аст. Метавонед ба фарзандатон ҳар рӯз меваю сабзавоти тару тоза диҳед ё бо маслиҳати духтури кӯдакона аз дорухона витамин харед.

4. Сайругашт дар ҳавои тоза ба саломатии кӯдакон фоида дорад. Хонаатон аз мактаб чандон дур набошад,беҳтараш ҳамроҳи кӯдак сайругашткунон пиёда рафта биёед.

5. Писар ё духтари ман бояд аъло хонад гуфта ба кӯдак бисёр фишор наоред. Ҳама чиз бояд андозаи муайян дошта бошад, дарсхонӣ ҳам. Кӯдакро маҷбур накунед, ки то нимаҳои шаб дарс тайёр кунад.

6. Кӯдакони синфи 1 дар як шабонарӯз бояд на камтар аз 10 соат хоб раванд. Пас аз мактаб кӯдак каме хоб рафтан хоҳад, монеъ нашавед.

7. Ҳеҷ гоҳ баробари аз дарс омаданаш кӯдакро маҷбур накунед, ки зуд нишаста вазифаи хонагиашро тайёр кунад. Пас аз дарс кӯдак бояд камаш як-ду соат бозӣ кунад ва дам гирад.

8. Пас аз соати 18 кӯдак набояд бо дарстайёркунӣ машғул шавад. Барои он ки фарзанди шумо шабона нағз хоб равад ва майнааш дам гирад, бояд пеш аз хоб бозӣ кунад, сайругашт намояд ва ҳар шаб дар як вақти муайян хоб рафта дар вақти муайян хезад.

9. Кӯдак аз чизе шикоят кунад, бепарвоӣ накунед. Кӯдакони синфи 1 ҳанӯз маҳорати худро бардурӯғ касал вонамуд карданро надоранд ва барои ба дарс нарафтан нохуб будани саломатиашонро баҳона пеш намеоранд.

10. Барои баҳои 3 ё 2 гирифтанаш кӯдаки синфи 1-ро сарзаниш накунед. Барои он ки кӯдак аз мактаб ва хондан дилсард нагардад, муаллим ва волидонаш бояд шавқу ҳаваси бачаро бедор карда, ӯро бештар таъриф намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД