Бо ибтикори Маркази захиравии муҳоҷирон имрӯз, 15-уми август дар қаҳвахонаи “Чатр” бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, корхонаҳои ватанӣ ва ширкатҳое, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ кор мекунанд, чорабинӣ баргузор гашт.
Тавре Гулазор Гулмамадова, мененҷери лоиҳаи ICMPO гуфт, бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва беҳдошти зисту зиндагии оилаҳои муҳоҷирон Маркази захиравии муҳоҷирон тасмим гирифтааст, ки моҳи ноябри соли равон дар ҳамдастӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ярмаркаи ҷойҳои кории холиро ташкил намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки 1-уми майи майи соли равон марказ чунин ярмаркаро баргузор намуда буд, ки хеле бомуваффақият гузашт.
Ҳадаф аз чорабинии имрӯза изҳори сипос ба шарикон ва густариш додани ҳамкориҳо барои баргузории ярмаркаи навбатӣ мебошад.
Пас аз ин Ниссо Фаромузова, машваратчии Маркази захиравии муҳоҷирон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти марказ маълумот дода, аз ҷумла қайд кард, ки ба марказ дар як рӯз зиёда аз 50 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намуда, дар ҳаллу фасли мушкилоти гуногуни худ кумак мепурсанд. Машваратчиёни марказ ҳамчунин тез-тез ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба навоҳии дурдасти кишвар сафар карда, бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоту вохӯриҳо мегузаронанд ва ба онҳо дар бораи хатарҳои гуногуни муҳоҷират, аз ҷумла қаллобӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дода, роҳҳои осон ва қонунии муҳоҷирати меҳнатиро ба хориҷи кишвар мефаҳмонанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Дилафрӯз Ализода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Рустам Шамс, муовини директори Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ иштирок ва суханронӣ намуда, дар бораи вазъи таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, ҷалби шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои имрӯз дар бозори меҳнат серталабот ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуданд.
Дар охир ба ширкату корхонаҳое, ки дар баргузории ярмаркаи қаблӣ кумак расонида буданд ва дар таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кор саҳми хешро мегузоранд, сипоснома супурда шуд. Аз ҷумла ба сомонаи Oila.tj низ барои пайваста инъикос намудани масоили муҳими раванди муҳоҷират ва саҳми арзанда дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Сипоснома супурда шуд.