Ишқ ҳам мемирад
Ман соҳиби ду писар шудам, акнун маънии зиндагиям писаронам буданд, худамро ба тарбияи онҳо бахшидам. Хушдоманам ҳатто набераҳояшро дўст намедошт, аммо барои ман фарқе надошт, чун ҷигарбандонам мактабхон шуданд, онҳоро ба мактаб бурда меовардаму ба хонишашон аҳамияти зиёд медодам. Писаронам бо дониши худ ба донишгоҳҳои бузурги хориҷи кишвар дохил шуданд. Дар ин миён аввал хусурам, баъд хушдоманам оламро падруд гуфтанд ва хислати Амин ҳам тамоман дигар шуд, ман фикр мекардам, ки байни мо зани бегона аст…
Шавҳарам ба шароб дода шуд ва баъди кор ҳар шаб маст омада, маро зери мушту лагад мегирифт, таънаам мекард, ки ман барои ту шуда модарамро хафа кардаму ба духтартағоям нарасидам. Дар шабҳои сарди зимистон маро аз хона берун мекард, ман ки дар шаҳр хешу табори наздик надоштам, шабҳоро пушти дарвозаам рўз мекардам. Ба хонаи ҳамсояҳо намерафтам, то ки сиррам овоза нашавад, баъдан бо ягон ҳамсоя чандон равуо надоштем. Оқибат бар асари ин азобҳо асабӣ шудам, гурдаҳоям иллат пайдо карданд. Падару модарам пир шуда буданду ҳар гоҳе ба дидорашон равам, намегуфтам, ки азоб дорам. Хулоса бист сол бо азобу ранҷи рўҳиву ҷисмонӣ паси сар шуд. Боре шавҳарам маст ба сари чамбараки мошин нишасту дар садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид.
Шояд шумо бовар накунед, аммо ман бист сол дар ҳавлӣ зиста, намедонистам, ки он ба номи хоҳаршўйи калониям аст. Ману фарзандонамро баъди марги ҳамсарам аз қайди ҳавлӣ бароварданду бароямон як хонаи якҳуҷрагӣ харида доданд. Чун писаронам инро фаҳмиданд, ба ман гуфтанд, ки қадаматро ба хонаи якҳуҷрагӣ намон, хонаи иҷора бигир, мо пулашро мефиристем.
Зиндагии сахт
Дар як гўшаи шаҳр дар хобгоҳе иҷора менишастам, дар як мактаб ба ҳайси муаллима ба кор даромадам. Худро ба даст гирифта, ба тиҷорати хурде оғоз кардам ва бо лутфу инояти Худо сахтиҳо кашида, комёб шудам. Дастонам аз зарби кашидани бори вазнин дард мекарданд, дар гармову сармо байни деҳаи падарӣ ва шаҳр дар равуо будам, колоро аз ин ҷо арзонтар харида, он ҷо қимматтар мефурўхтам. Пули баъди таҳсил кор карда фиристодаи писаронамро чун гавҳараки чашмам нигаҳдорӣ мекардам, то донишгоҳро хатм кардани писаронам хонаи панҷҳуҷрадор харидаму баъди дар хориҷи кишвар соҳиби кор шудани Имрону Раҳмонам соҳиби ҳавлии дуошёна ва мошин низ шудам. Вақте ки худаму писаронамро аз қайди якхонагии бетаъмиру бӯине, ки он ҳам ба номи хоҳаршўйи хурдиям буд, баровардаму калиду ҳуҷҷатҳоро бурда, ба дасташ додам, бо тамасхур гуфта буд:
- Ҳа ҷўгӣ, боз сари ягон каси дигарро тоб додӣ, ки ин қадар каттагӣ мекунӣ?!
Ҳоло зиндагии озоду рангине дорам, аз хешони шавҳараму номеҳрубонияшон кайҳо фаромўш карда будам, аммо воқеаи аҷибе шуд.
ГУЛРЎ, Бухоро
Таснифи Нисо Холид