Ҳамсари собиқам ҳангоми таваллуди фарзанди нахустинамон вафот кард ва духтарчаам, ки норасид ба дунё омада буд, баъди се рӯз аз дунё гузашт. Дунё дар назарам сард шуда буд, мехостам ман ҳам мисли ҳамсарам тарки дунё намоям. Вале фикри падару модар ва охиратамро карда, ба тақдир тан додам. Бо маслиҳат ва суханони неки ёру дӯстон, падару модар ва хешу табор ин мусибатро паси сар кардам. Баъд аз муддате дар фикри барпо кардани оила шудам. Баъди ҷустуҷӯи зиёд бо як зани соҳиби ду кӯдак, ки шавҳараш вафот карда буд, хонадор шудам. Кӯдаки хурдии зан яксола ва кӯдаки калониаш чорсола буд. Аз рӯзи аввал ба онҳо меҳр бастам, меҳнат карда, пули ёфтагиамро барои онҳо сарф мекардам. Коре мекардам, ки онҳо танқисие надошта бошанд. Аз байн чанд муддат гузашт ва ҳамсарам писарча таваллуд кард. Шодии ман ҳадду канор надошт. Писарчаи худам калон шуда, маро “отаҷон” гуфта нидо мекард, вале ду кӯдаки дигари ҳамсарам ҳеҷ ба ман дил набастанд. То ҳол онҳо маро Нурулло гуфта, садо мекунанд. Айни ҳол фарзандони занам бузург шудаанд. Духтарамро ба шавҳар додем, ҳоло соҳиби духтарча шудааст. Ҳавлиамро се тақсим карда, ба онҳо додам. Ҳоло зиндагии мустақилона доранд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки то ҳол фарзандони занам маро Нурулло мегӯянд ва боре ҳам нашунидам, ки падар гуфта, муроҷиат кунанд. Ҳарчанд фикр мекунам, хатогиву камбудии худро пайдо карда наметавонам. Мехоҳам ақаллан дар охири умрам онҳо маро “падар” гуфта, сарамро ба осмон расонанд. Шумо чӣ фикр доред, агар дар ҷои ман мебудед, чӣ кор мекардед?
Нурулло, ш. Душанбе