Салом! Аҳмад ҳастам, як муҳоҷири меҳнатии тоҷик аз Россия. Муддати се сол мешавад, ки дар шаҳри Маскав дар сохтмон кор мекунам. Дар Ватан духтари дӯстдошта дорам ва мехоҳам бо ӯ издивоҷ намоям. Волидони арӯсшавандаам барои духтарашонро ба Маскав фиристодан зид нестанд. Мо фотиҳа шудаем ва волидонам аллакай чизу чораи лозимиро ба хонаи арӯс равон карданд. Ман шаҳрвандии Россияро надорам. Мехоҳам донам, ки дар Россия моро ЗАГС мекунанд ё не?
Аҳмад аз шаҳри Маскав
Посух
Бародари азиз, домод ва арӯс ҳарду шаҳрванди хориҷӣ бошанд ҳам, тибқи қонун ақди никоҳи онҳо дар мақомоти ЗАГС-и Россия бе мамоният ба қайд гирифта мешавад. Шуморо лозим аст, ки ба наздиктарин хонаи ақди никоҳ муроҷта намоед. Барои ақди никоҳ дар Россия ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ЗАГС ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намудан лозим аст:
1. Аризаи никоҳшавандагон барои бастани ақди никоҳ
2. Шиносномаҳои ҳарду никоҳшаванда.
3. Маълумотнома дар бораи он ки шаҳрванди хориҷӣ бо шахси дигар дар қайди никоҳ қарор надорад.
4. Шаҳодатномаи бекор карда шудани ақди никоҳ, агар яке аз никоҳшавандагон қаблан оиладор ва аз ҳамсараш ҷудо шуда бошад.
5. Шаҳодатномаи вафот, агар ҳамсари пештараи никоҳшаванда аз олам гузашта бошад. 6. Ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ. (Боҷи давлатӣ ҳам барои шаҳрвандони Россия ва ҳам барои шаҳрвандони хориҷӣ барои бастани ақди никоҳ 350 рубл муқаррар карда шудааст.
7. Маълумотнома аз ҷойи истиқомати шаҳрванди хориҷӣ.
8. Маълумотнома дар бораи вуҷуд надоштани монеъаҳо барои бастани ақди никоҳ.
9. Виза, корти муҳоҷиратӣ, иҷозатномаи муввақатии зист (ВНЖ) ё иҷозаи зисти шаҳрванди хориҷӣ дар Россия (РВП) ва ё ҳуҷҷати дигаре, ки қонунӣ будани будубоши шаҳрванди хориҷии никоҳшавандаро дар Федератсияи Россия исбот менамояд.
10. Аҳдномаи никоҳ (Брачный договор)-ихтиёрӣ баста мешавад. Гоҳе ЗАГС аз шаҳрвандони хориҷӣ маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ ва маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои хатарнок аз қабили ВИЧ-СПИД-ро талаб менамояд.
Шаҳрвандони хориҷӣ бояд тамоми ҳуҷҷатҳои худро бо забони русӣ тарҷума карда, нусхаи тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаи ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС барои бастани ақди никоҳ пешниҳод созанд. Домод ба ЗАГС ду баста ҳуҷҷатҳоро пешкаш менамояд-нусхаҳои аслӣ ва тарҷумаи русии ҳуҷҷатҳо, ки тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаанд.
Пас аз анҷоми маросими ақди никоҳ ва дар ҳуҷҷатҳои лозима имзо гузоштани никоҳшавандагон ва шоҳидонашон масъулини ЗАГС арӯсу домодро расман зану шавҳар эълон намуда, ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро месупорад. Дар асоси ҳамин ҳуҷҷат баъдан намояндагии расмии кишвари худашон дар шиносномаи домод ва арӯси хориҷӣ мӯҳри никоҳро пахш мекунанд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчунин метавонанд барои бастани ақди никоҳ ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоянд.