Arzon march 2024
Барои дар Россия таксист шудан кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
776

Аксари ҷавонмардоне, ки ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, боварии комил доранд, ки ягон кори дигари мувофиқ наёбанд ҳам, метавонанд дар сохтмон кор кунанд ё таксистӣ карда, аз ҳисоби мусофиркашонӣ зиндагиашонро пеш баранд.

Пештар барои таксист шуда кор кардан муҳоҷирони меҳнатӣ бояд худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар қайд мегузоштанд, ки ин хеле мушкил ва серхароҷот буд, аммо шурӯъ аз 1-сентябри соли 2023 ба қонунгузории Федератсияи Россия тағйиротҳои нав ворид карда шуда, ҳуҷҷатгузорӣ барои кор дар таксӣ нисбатан осонтар шуд.

Мувофиқи тағйиротҳои наве, ки ба Қонуни Федералии Россия таҳти №580 дар бораи мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо мошини сабукрав ворид карда шудаанд, минбаъд ронандагони худфаъолият ҳам ҳуқуқ доранд,ки ба сифати таксист кор карда, бо мусофиркашонӣ машғул шаванд.

“Тағйиротҳои нави ба қонун ворид шуда кори ронандагони таксиро нисбатан осонтар карданд. Акнун барои таксист шуда кор кардан шаҳрвандони хориҷӣ (муҳоҷирони меҳнатӣ) бо хадамоти фармоиши таксӣ шартнома баста, мошинашонро ба реестри мошинҳои шахсӣ дохил менамоянд ва дар бораи надоштани доғи судӣ дар ватанашон ва дар Россия маълумотнома пешниҳод намуда, иҷозатнома мегиранд”. Ин мавзӯъро шарҳ дода, гуфтааст Игорь Знак, директори генералии Qugo (платформа барои худфаъолиятон).

Бояд тазаккур дод, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани иҷозатнома барои мусофиркашонӣ дар таксӣ бояд ҳам аз кишвари худашон ва ҳам аз мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия дар бораи доғи судӣ надоштанашон маълумотнома пешниҳод намоянд.

“Барои гирифтани маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ шаҳрвандони хориҷие, ки таксист шудан мехоҳанд, метавонанд ба сафоратхонаи кишвари худашон дар Россия муроҷиат намоянд. Маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан дар Россияро бошад, тавассути портали “Госуслуги” ба даст овардан мумкин аст. Иҷозатномаи кор дар таксиро ронандагони худфаъолияти хориҷӣ метавонанд дар шакли электронӣ низ бигиранд. Барои ин зарур аст, ки ронандагон дар сомонаи “Госуслуги” дархост гузоранд ё ба Маркази бисёрфунксионалии МФЦ муроҷиат намоянд,”-мегӯяд коршиноси масоили нақлиёти шаҳрӣ ва таксӣ Роберт Ян.

Масъулият барои ронандагони таксӣ пурра бар дӯши хадамотҳои фармоиши таксӣ вогузор шудааст. Дар ҳолати сар задани садамаи нақлиётӣ минбаъд дар баробари ронандаи воситаи нақлиёт ҳамчунин хадамоти фармоиши таксӣ, ки бо ин ронанда шартнома бастааст, ҷавобгариро бар дӯш гирифта, ҷарима месупорад.

Дар сурати ба ронандаи таксӣ бидуни маълумотномаи надоштани доғи судӣ барои мусофиркашонӣ иҷозат додан ба сари хадамоти фармоиши таксӣ моҷарои калон омада, метавонанд фаъолияташро манъ кунанд, бинобар ин, хадамотҳои фармоиши таксӣ бидуни чунин маълумотнома бо ронандагон шартнома намебанданд.

Мувофиқи маълумотҳои депортаменти нақлиёти Москва соли 2022 танҳо дар пойтахти Россия 59,4 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба сифати таксист кор карда, мусофиркашонӣ кардаанд. Аз ин шумора 44,6 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон, 3, 4 ҳазор Узбекистон ва 5,2 ҳазор таксистҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Бояд гуфт, ки паст фаромадани қурби пулӣ русӣ ва авзоъи сиёсии ин кишвар ба ронандагони таксӣ аслан таъсир нарасонида, шумораи шахсоне,ки мехоҳанд таксист шуда, бо мусофиркашонӣ ризқу рӯзии худро дар Россия ба даст оваранд, торафт меафзояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД