Баҳор зеботарин фасли сол ба ҳисоб рафта, айёми ид ва ҷашнҳост. Дил мехоҳад ҳарчи зудтар аз либосҳои ғафси зимистона халос шуда, пероҳани зебо ва дилкаш ба бар намоем. Дар фасли баҳор чи гуна либос пӯшидан лозим аст, ки ба назари атрофиён зебо намояд? Дар ин бора донистан хоҳед, муттаваҷҷеҳ бошед!
Сирри асосии зебоӣ
Одамони зебо, покиза ва олуфта ҳамеша дар ҷомеъа соҳиби эҳтиром буда, дар ҳама ҷо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Пироҳани ҳамвору дарзмолкардашуда таҷассумгари зебоӣ ва олуфтагист. Дар чашми атрофиён зебо ва озодаву дилкаш намудан хоҳед, кӯшиш кунед, ки сару либосатон ҳамеша дарзмолкардашуда бошад, махсусан дар фасли баҳор.
Либоси мувофиқ пӯшед
Ҳангоми ба бар кардани либос ба ҷою макон ва муҳит бояд таваҷҷуҳ намуд. Пироҳанҳои зебои ҷилодор ва пур аз симу зарро на дар корхона,балки дар тӯю маъракаҳо, рӯзҳои ид ва ҷашну маросимҳои анъанавӣ пӯшидан лозим аст.
Либос-шиносномаи аввалини инсон
Мутахассисон баъди озмоишҳои тулонӣ натиҷагирӣ карданд, ки либос ба рафтор ва тафаккури одамон таъсири бевосита расонида, тобиши муайянеро дар андешаронӣ ба вуҷуд меорад. Пӯшидани либос худ яке навъи тарбия мебошад. Бонувон бояд бо ҳисси зебопарастӣ ва назокату нафосат либос ба бар намуда, хулқу атвори некӯи худро тавассути либосашон ба атрофиён нишон диҳанд. Фаромӯш накунед, ки либос шиносномаи аввалини инсон аст ва аз рӯйи сару либосаш ба кас баҳо медиҳанд. Шарт нест, ки либоси шумо қимматбаҳо бошад, либоси оддӣ, вале тозаву озодаи бо завқи баланд итнтихобшуда аз шахси хушсалиқа ва бофарҳангу бомаърифат будани соҳибаш дарак медиҳад.