arzon replenishment
Барои ҷабрдидагони зӯроварии оилавӣ хобгоҳ месозанд?
871


Занон ва кӯдакони тоҷик, ки чанде пеш бо талошҳои ҳукумати кишвар аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, на дар лагер, балки дар истироҳатгоҳ ҳастанд ва табибону равоншиносон пайваста аз ҳоли онҳо бохабар шуда меистанд.

Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ зикр намуд...

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила сароғоз дар боби дастовардҳои кумита дар шаш моҳи соли равон ҳисоботи муфассал дода, таъкид кард, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози иҷрои стратегияи милллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, консепсияи рушди оила ва дигар барномаю стратегияҳои давлатӣ буда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд пайи ҳимояи ҳуқуқҳои бонувон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодии зиндагии хонаводаҳо ва беҳдошти некӯаҳволии занони тоҷик додани грантҳои президентӣ ба бонувон, махсусан ба модарони танҳо, оилаҳои ниёзманд, модароне, ки фарзандони маъюб доранд ва дигар занони кордон ба ҳукми анъана даромадааст.

2_1.[1]

Имсол аз 236 лоиҳае, ки бонувон ба кумита пешниҳод намуданд, 80 лоиҳа аз ҷониби комиссияи грантӣ дастгирӣ ёфта, ба маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба занону духтарон грантҳои президинтӣ ҷудо карда шуд.
Дар робита ба мавзӯъи хушунату зӯроварии хонаводагӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон Қурбонзода гуфт:
“Дар 6 моҳи соли равон тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ 30 ҳазору 266 оилаи нав ташкил ёфта, 7 ҳазору 265 оила бо сабабҳои гуногун аз ҳам пош хӯрдаанд. Вайроншавии оилаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 789 ҳолат бештар аст, вале худкушию худсӯзӣ бо сабаби хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ нисбатан коҳиш ёфтааст. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ 224 нафар бо сабабҳои гуногун ба худкушӣ даст задаанд, ки аз ин шумора 108 нафарро занон ва духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Ба гуфти Қурбонзода омилҳои асосии худкушии занону духтарон ин зӯроварии хонаводагӣ, сар задани нофаҳмиҳо дар оила, дузанагию сезанагӣ, хиёнату нобоварӣ, носозгорӣ ва моҷароҳои хонаводагӣ, ба тӯҳмату буҳтон гирифтор гаштан ва бемориҳои рӯҳӣ мебошанд.
Хабарнигорон раиси Кумитаи кор бо занон ва оиларо чун ҳарвақта саволборон карданд. Дар посух ба саволи журналистон дар боби овозаҳо дар бораи дар лагери махсус нигоҳ доштани занону кӯдакони ба наздикӣ аз Сурия баргашта Қурбонзода гуфт:
“Ин овозаҳо ҳақиқат надоранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба Ватан баргардонидани ин шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз ду сол кор бурда, билохира ба мақсади худ ноил гашт. Айни замон занон ва кӯдакони аз Сурия баргашта на дар лагер, балки дар истироҳатгоҳ қарор доранд ва роҳбарияту намояндагони мақомотҳои марбута тез-тез аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор шуда меистанд. Ба баргаштагон аз Сурия табибон ва равоншиносон кӯмакҳои зарурии тиббию равонӣ расонида истодаанд, то саломатӣ ва ҳолати рӯҳияшон зудтар барқарор гардад...”
Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ дар боби бунёди як бино ё хобгоҳи махсус барои ҷабрдидагони хунушат ва зӯроварии хонаводагӣ, ки гоҳо дар чорсӯйи зиндагӣ танҳо ва бемакону бемуттако монда, аз ночорӣ даст ба худкушию фарзандкушӣ мезананд, Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт:
“Мо аллакай бо ин масъала ба ҳукумати ҷумҳурӣ расман муроҷиат намудем ва бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои сохтмони чунин як бино қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Акнун бояд тарҳи лоиҳаи бино омода гардад, баъд дар ҷустуҷӯи маблағгузор мешавем...”
Дар масъалаи ҳатмӣ гардонидани аҳдномаи никоҳ , ки аз ҷониби сомонаи Оила. ТЧ бардошта шуд, Ҳилолбӣ Ҷумъазода гуфт:

фИРКА1
“Айни замон ин масъаларо комиссияҳои махсус ҳамаҷониба омӯхта истодаанд. Дар ҳақиқат бастани аҳдномаи никоҳ (брачный контракт) метавонад дар пешгирии пошхӯрии оила нақши муассир гузорад, аммо пеш аз ҳама худи ҷавнон бояд ба бастани чунин аҳднома тайёр бошанд ва вақте ки оила бунёд менамоянд, барои тақдири ояндаи зан ва фарзандонашон масъулият эҳсос намоянд.
Хабарнигорон ба масъалаи вазъи ҳуқуқии занҳои дуюм низ дахолат намуданд, вале раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт:
“Мувофиқи қонун дузанагӣ ва бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон манъ аст. Мардҳое, ки ду-се зан мегиранд, агар зани қонуниашон шикоят кунад, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, вале аксари занҳои тоҷик ба хотири зиндаятим нагаштани фарзандонашон ба лаб мӯҳри хомӯшӣ мезананд. Мардҳо бояд аз занҳои якумашон миннатдор бошанд, ки шикоят намекунанд, вагарна ҳолашон бад хоҳад шуд...”
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД