Ҷерри Балҷер аз Гринфилд (Висконсин, ИМА) аз он ки исми ӯ ва исми ду хоҳару додараш дар китоби ояндаи рекордҳои Гиннес сабт мегардад, хеле хушҳол аст.
Феълан Ҷерри 100-сола, Марҷори Гилмартин (97-сола), Роберт Гебел (95-сола) ва Ричард Гебел (93-сола) дар орзуи онанд, ки зудтар як нусхагӣ аз ин китоби номдорро, ки номашонро дар таърих сабт намудааст, ба даст оваранд. Тавре фарзандони ин бародарони дарозумр қайд менамоянд, пиракиҳо нисбати ҳамдигар хеле меҳрубону хеле зиндадил ҳастанд. Ҳамин ки ҷое якҷоя ҷамъ шуданд, ҳатман он маҳфил пур аз хандаву шодиву нишот мегардад