formula55
БАРОДАР ХУНИ БАРОДАРРО РЕХТ
4782


Мардуми Ёвон бо меҳрубонию хушчақчақӣ ва ширинзабонию базлагӯияшон машҳур гаштаанд, аммо рӯзе қабл дар ин ноҳия рӯйдоди хунине ба амал омад, ки аслан касе интизорашро надошт.

Дар рӯзи равшан аз рӯйи дупула гап як ҷавонмарди 38-солаи Ёвонӣ бо исми Меҳровар бародарашро корд зада, бо ин амали ноҷавонмардона ҳаёти фарзанди падарашро дар хатар гузошт...

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муноқишаи хунин дар байни ду бародар санаи 20-уми декабр, тахминан соатҳои 18.30-и шом ба амал омадааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки Меҳровар дар ҳолати мастӣ бо корди хоҷагӣ ба бародараш ҳамла карда, бо қасди аз ҳаёт маҳрум намудани фарзанди падараш якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол дода шуд.
Нисбати ин ҷавони беандеша, ки ҳатто ба додари худаш заррае раҳму шафқат накарда, ӯро кордброн намудааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, айни замон тафтишоти ин қазияи хунин аз ҷониби мақмоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш Меҳровар чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД